Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон аз наздикиҳои марзи Тоҷикистон фирор карданд


Намое аз шаҳри Файзобод, маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Намое аз шаҳри Файзобод, маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Наздик ба чиҳил деҳа дар ноҳияи Вардуҷи Бадахшони Афғонистон, воқеъ дар 30-50 километрии марз бо Тоҷикистон, аз Толибон поксозӣ шудааст.

Пас аз як ҳафтаи авҷи амалиёти низомӣ дар ноҳияи Вардуҷи вилояти Бадахшон, ин минтақа аз ҳузури толибҳо поксозӣ шуда, дар ҷараёни амалиёт 60 мусаллаҳи Толибон кушта ва наздик ба 200 тани онҳо захмӣ гаштаанд. Генерал Имомуддини Мутмаин, фармондеҳи амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт як моҳ пеш оғоз ёфта буд ва ҳафтаи гузашта ба нуқтаи авҷ расида, акнун мусаллаҳони гурӯҳи Толибон пас аз шикаст ба кӯҳҳо фирор кардаанд.Аммо худи Толибони мустақар дар Вардуҷ, дар мавриди ақибнишии худ чизе нагуфтаанд.

Мардуми маҳал ҳам иддао кардаанд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ ҳафт ғайри низомӣ кушта шудаанд, аммо Давлатмуҳаммади Ховар, вулусволи Вардуҷ дар суҳбат бо «Озодӣ» инро рад кард. Аз ҷониби дигар, генерал Мутмаин ба «Озодӣ» гуфт, ки дар миёни захмишудагон як шаҳрванди Узбакистон ҳам ҳастанд. Дар гузашта мақомҳои афғон гуфта буданд, ки шаҳрвандони Узбакистонро дастгир кардаанд, ки гумон мераванд аз аъзои ҲИУ бошанд.


Дар айни ҳол амалиёти низомӣ дар Вардуҷ мақомҳои Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Як манбаъ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба хабаргузории русии «Интерфакс» гуфтааст, ки ҷанги сахте миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар 30- 50 километрии марзи Тоҷикистон идома дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, вулусволии Вардуҷ дар наздикии марзи ноҳияи Ишкошими вилояти худмухтори Бадахшони Тоҷикистон воқеъ аст. Ба гузориши хабаргузори "Интерфакс", ин манбаъ дар мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфтааст, ки нерӯҳои марзбонии тоҷик дар Ишкошим тибқи маъмул ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки воҳидҳои низомии мустақар дар ин маҳал дар моҳи июли соли 2012 пас аз он тақвият шуданд, ки тибқи хабарҳо, нерӯҳои вобаста ба Ҳаракати исломии Узбакистон талоши ворид шудан ба хоки Тоҷикистонро доштанд.

Ҳаракати исломии Узбакистон бо Толибон ва Ал-Қоида робитаи танготанг дорад ва аз сӯи Русия, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба унвони гуруҳи террористӣ шинохта шудааст. Дар Тоҷикистон ҳам фаъолияти ҲИУ мамнуъ эълон шуда ва ҳамакнун даҳҳо тан аз пайравони ин гуруҳ, дар зиндонҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG