Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати алюминиуми Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи пардохти 274 миллион доллари ҷуброн ба "РусАл" аз роҳи музокирот ҳал мешавад, аммо дар ҳолати нокомии гуфтушунид, "Талко" розҳои қарзашро аз “РусАл” ошкор хоҳад кард.

Игор Сатторов, сухангӯи «Талко» ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби РусАл пешниҳод кард, ки музокирот дар сатҳи коршиносон шурӯъ шавад, аммо ширкати тоҷикӣ мехоҳад баррасиҳо миёни раҳбарият бошанд: «Ин мулоқот бояд баргузор мешуд, аммо ба далели ин ки РусАл дар Олимпиадаи Сочи ҳам масъулиятҳо дорад, санаи баргузории он тағйир хӯрд. Ҳоло пешниҳоди РусАл-ро дар бораи замону макон мунтазирем. Дар ин музокирот умелдворем, ки ҳалли мусбат ба нафъи ду ҷониб шавад. Дар акси ҳол, мо ба онҳо иқдомҳои ояндаи худро шарҳ хоҳем дод. Ҳоло мо дар атрофи ин масъала баҳси беҳудаеро оғоз карданӣ нестем.»

Додгоҳи арбитражии байналмилалии тиҷоратӣ дар Швейтсария дар таърихи 9 октябри соли 2013 даъвои Hamer, ширкати зертобеъи РусАлро ҷонибдорӣ карда, «Талко» -ро муваззаф кард, ки ба ширкати русӣ 274 миллион доллар ($112,7 миллион — зарар, $147 миллион. — фоизҳо ва $14,58 миллион — хароҷоти арбитраж) пардохт кунад. Соли 2010 Hamer ба ин додгоҳ даъво бурда буд, ки солҳои 2003 – 2004 ба маблағи $112,7 миллион доллар ба “Талко” гилхок (глинозём) – ашёи хоми асосӣ барои тавлиди алюминий - ворид карда, ҳаққи онро нагирифтааст. Додгоҳ ин даъворо қабул кард, аммо даъвои ҷавобии «Талко» ба маблағи 400 миллион доллар хисороти воридшуда аз Hamer-ро рад намуд.

Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст ва Конвенсияи Ню-Йорк дар бораи эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражии хориҷиро имзо кардааст. Аз ин рӯ, ин 274 миллион долларро бояд ба РусАл супорад.

Игор Сатторов гуфт, сабаби таъхири пардохт маълум аст ва ҷониби РусАл ҳам аз қазия огоҳ буда, ояндаи масъаларо танҳо музокирот муайян хоҳанд кард.

Аммо ин дуввумин рӯёрӯии Hamer Investment Ltd. бо «Талко» ва ҳам дуввумин бохти ахирӣ дар додгоҳҳои ҷаҳонӣ буд. Соли 2005 «Талко» аз як шарики собиқи дигараш - ширкати «Ансол» ба додгоҳи Лондон шикоят бурд бо ин иддао, ки дар ҳамдастӣ бо Абдуқодир Эрматов, собиқ роҳбари корхонаи алюминиум ва Hamer ба ширкат ним миллиард доллар хисороти молӣ оварданд.

Игор Сатторов

Игор Сатторов

Ин хисорот умдатан аз ҳисоби интиқоли гилхок ба корхона ҳисоб шудааст, ки ба гуфтаи масъулони кунини корхона, бо қимати 240 доллар харид, аммо 530 доллар ҳуҷҷат мешуд. Ширкати «Ансол» ҳам даъвои ҷавобӣ овард. Аммо соли 2009 дар айни авҷи баҳсҳо ҷонибҳо сулҳ карданд. Ин баҳси гаронтарини додгоҳӣ аз сӯи коршиносони ҷаҳон арзёбӣ шуда, гуфта мешуд, ки ҳукумати Тоҷикистон танҳо барои хадамоти ҳуқуқии ширкати «Ҳерберт Смит»-и Бритониё 140 миллион доллар харҷ кард. Вале "Талко" мегӯяд хароҷоти додгоҳие, ки дар аудити ин ширкат дарҷ шудааст 54 миллион долларро ташкил мекунад.

Ҳоло ба назар мерасад, дар ҳоли ба мувофиқа нарасидани «Талко» ва "РусАл" сари 274 миллион доллар як баҳси дигаре дар пеш хоҳад буд. Бино ба иттилои манобеъи огоҳ аз ин баҳсҳо, мақомоти тоҷик мехоҳад тариқи Додгоҳи олии Тоҷикистон схемаи аслии чигуна қарздор кардани ширкатро аз сӯи бозигари аслии бозори алюминиум – "РусАл" ошкор кунад, зеро дигар роҳе надорад.

​Додситонии кулли Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 эълон дошта буд, ки таҳқиқи парвандаи алайҳи Hamer ба охир расидааст. Он замон собиқ додситони кул эълон дошта буд, ки Hamer ба корхонаи алюминиум ҳудуди ним миллиард доллар хисороти молӣ ворид кардааст. Ин парванда ба ягон додгоҳи Тоҷикистон нарафт. Ҳамчунин додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назаров, раҳбари ширкати «Ансол», ҳарду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар тиҷорат ва қарзи корхонаи алюминиум саҳим буданд, қатъ кард. Аммо ҳоло ба назар мерасад, охирин иқдоми Тоҷикистон барои аз қарз халос кардани «Талко» аст.

Вале суол ин аст, ки чаро дар ин баҳс Hamer ва РусАл танҳо мондаанд? Искандар Мирзоев, собиқ додситони шаҳри Турсунзода, ки таҳқиқи ин парвандаро роҳбарӣ мекард, мегӯяд: «Дар оғоз дар соли 2003 Hamer- ро «Ансол» ва «РусАл» ҳамчун корхонаи муштарак ташкил карда буданд. Аммо соли 2007 РусАл пурра активҳои ин корхонаро аз худ кард. Ин парванда моҳи декабри соли 2004 шурӯъ шуда, ба зудӣ ба анҷом расида буд. Тафсилоти онро додситонии кул дар вақташ дастраси расонаҳо карда буд.»

Соли 2005 собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов эълон дошта буд, ки Абдуқодир Эрматов дар ҳамдастӣ бо Hamer ва «Ансол» мехост корхонаи алюминиумро қарздору муфлис карда, хусусӣ кунад. Он замон додситони кулл раҳбари ширкати «Ансол» - Аваз Назаровро, ки соҳибмулки Hamer низ ба шумор мерафт, ба пуштибонии табадуллоти давлатӣ таҳти сарварии собиқ директори Агентии мубориза бо маводи мухаддир Ғаффор Мирзоев ва раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки ҳарду ҳоло зиндонианд, муттаҳам карда буд.

Акнун манобеъи огоҳ аз баҳс мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон далели кофӣ ба даст доранд, то собит кунанд, ки пушти ин сирқатҳову қарздору муфлискуниҳои «Талко» ва ҳам табаддулоти давлатӣ гӯё РусАл истода буд.

Алюминий умдатарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, беш аз нисфи содироти кишвар аз фурӯши он ба даст меояд. "Талко" бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, феълан солона беш аз 300 000 тонна алюминиуми аввалия тавлид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG