Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ТАЛКО: Даъвои садҳо миллион $ бо РусАл ҳанӯз идома дорад


Яке аз коргоҳҳои ТАЛКО

Яке аз коргоҳҳои ТАЛКО

Бино ба хабарҳо, арбитражи Швейтсария ширкати алюминсозии Тоҷикистонро ба пардохти 275 миллион доллар ба як шарики собиқаш муваззаф кардааст.

РусАл, бузургтарин ширкати алюминсозии Русия, хабар дод, ки додгоҳи иқтисодии Швейтсария дар қарори ниҳоияш аз 14 октябр ТАЛКО – ширкати алюминсозии Тоҷикистонро ба пардохтани 275 миллион доллар ба “Hamer”- як ширкати марбут ба РусАл – муваззаф кардааст.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати ТАЛКО рӯзи 16 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳукм ҳанӯз қарори ниҳоӣ нест ва ТАЛКО дар зинаҳои дигари додгоҳӣ онро ба чолиш хоҳад кашонд: “Қарори ин додгоҳ ҳукми ниҳоӣ нест. Чанд марҳалаи дигар ҳанӯз дар пеш аст. Аз тарафи дигар, музокираҳо байни раҳбарони РусАл ва ТАЛКО низ идома доранд ва мо умедворем, ки аз ин тариқ ба як роҳи ҳалли ғайридодгоҳии масъала даст биёбем ваё бо ризоияти ҷониби дигар ҳалли масъаларо ба низоми додгоҳии, барои мисол, худи Тоҷикистон бикӯчонем. Вале ҳатто агар ин муяссар нашуд, ҳанӯз барвақт аст гуфтан, ки кӣ ба кӣ ва чӣ қадар пул бояд пардохт кунад?”



Игор Сатторов гуфт, баҳси РусАл бо ТАЛКО бар сари қарордодҳои соли 2003 аст, ки он замон ТАЛКО ҳамчун ширкат ҳанӯз ҳатто таъсис наёфта буд ва дар раҳбарии корхонаи алюминсозии Турсунзода, ки он замон ТадАЗ ном дошт, низ нафарони дигар буданд. Нафароне ки ба гуфтаи оқои Сатторов, “корхонаро ба вартаи варшикастагӣ расонданд.” Игор Сатторов афзуд, ТАЛКО низ ба навбаи худ аз РусАл даъвоҳое дорад, ки маблағаш аз ин 275 миллион доллар хеле бештар аст.

Ин дар ҳолест, ки РусАл мегӯяд, арбитражи Швейтсария, иборат аз 3 қозӣ даъвои ҷавобии ТАЛКО бо талаби тақрибан 400 миллион доллар аз ин ширкати русиро “комилан радд кардааст.” Дар баёнияи матбуотие, ки рӯзи 16 октябр Владислав Соловёв – муовини аввали мудири кулли РусАл ба намояндагӣ аз Шӯрои мудирони ин ширкат нашр кард, гуфта мешавад, ки додгоҳ дар ду қарордоди табодули мол аз соли 2003 поймол шудани ҳаққи “Hamer” аз ҷониби ширкати алюминсозии Тоҷикистонро тасдиқ кардааст. “Hamer” дар 10 соли пеш яке аз таъминкунандагони асосии ТАЛКО( он вақт – ТадАЗ) бо глинозём(гилхок) - ашёи хоми лозим барои тавлиди алюминий - ба шумор мерафт ва дар иваз аз ин корхона барои фурӯш алюминий мегирифт.

Бино ба ин манбаъ, додгоҳи Швейтсария ширкати алюминсозии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки хисороти расида ба “Hamer” ба маблағи 112 745 501 доллар ва фоидаҳои гумкардаи ин ширкат ба маблағи боз тақрибан 147 миллион доллари дигарро пардохт кунад. ТАЛКО ҳамчунин ба пардохтани 14 579 385 доллар хароҷоти баҳси додгоҳии ин қазия мукаллаф шудааст. Дар маҷмӯъ, дар чорчӯби ин баҳс ТАЛКО бояд аз дастикам 275 миллион доллар маҳрум шавад, омадааст дар хабари расмии РусАл.

Игор Сатторов

Игор Сатторов

Игор Сатторов мегӯяд, ТАЛКО умедвор аст, ки қазияро берун аз додгоҳ ҳалл кунад. Аммо дар посух ба ин суол ки оё РусАл дар ивази чунин шеваи ҳалли масъала метавонад ба бозгашт ба бозори таъмини ашёи хоми ТАЛКО ва фурӯши фаровардаҳои он умед бандад, сухангӯи ТАЛКО гуфт: “Ин дар ихтиёри худи ин ширкатҳост, ки ба чӣ қароре мерасанд. Ин масъала дина пайдо нашудааст, аз 10 соли пеш аст. Байни мо дар ин муддат даъвоҳои зиёде ҷамъ шудааст, ки бояд ҳаллуфасл шаванд.”

Игор Сатторов аммо аз ҷониби РусАл нашр шудани хабари қарори ахири додгоҳи иқтисодии Швейтсарияро “нақзи тавофуқи тарафайн” номид. Сухангӯи ТАЛКО гуфт, "дар мавриди масоили марбут ба даъвоҳои мутақобилаи мо сирри баҳс (конфиденциалность) бояд ҳифз мешуд.” Ин пешниҳоди худи РусАл буд, таъкид кард сухангӯи ТАЛКО.


Олег Дерипаска

Олег Дерипаска

Ширкати Русал , ки ба миллиардери рус Олег Дерипаска тааллуқ дорад, дар оғози солҳои 2000-ум аз ҳамкорони умдаи ширкати алюминсозии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Нуқтаи авҷи ин ҳамкорӣ соли 2004 буд, ки РусАл бо имзои чанд қарордоди баланд бо давлати Тоҷикистон ба иқтисоди ин кишвар ваъдаи қариб 2 миллиард доллар сармоягузорӣ кард.

Бар пояи ин сармоя, мебоист сарбанди обанбори нирӯгоҳи Роғун сохта шуда, ду чархаи он ба тавлиди барқ шурӯъ мекард. РусАл барои Роғун 600 миллион доллар ва барои сохтани як корхонаи нави бузурги алюминсозӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва бунёди ду коргоҳи ҷадид дар ТАЛКО ҳудуди 1,2 миллиард доллари дигар ваъда карда буд. Аммо ихтилофи назарҳо байни РусАл ва мақомоти давлати Тоҷикистон боис шуд, ки ин тарҳҳои пуриддао ҳама рӯи қоғаз бимонанд.

РусАл дар соли 2006 аз иҷрои ин ҳама тааҳҳудоташ даст кашид ва тарки Тоҷикистон кард. Мунтақидон мегӯянд, ин дуруст замоне буд ки ТАЛКО таҳти назорати афрод ва ширкатҳои марбут ба Ҳасани Асадуллоҳзода – додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор гирифт.

Баҳсҳои додгоҳӣ байни ширкатҳои марбут ба РусАл ва ТАЛКО аз соли 2007 ба ин сӯ идома доранд. Дар соли 2009 як додгоҳи Бритониё низ ТАЛКО-ро ба пардохти 99 миллион доллар ба РусАл муваззаф карда буд.

ТАЛКО ҳамин тавр, дар як баҳси дигари додгоҳӣ дар Бритониё, ки яке аз пурҳазинатарин баҳсҳои додгоҳӣ дар таърихи он кишвар хонда мешуд, ба соҳибкори аз Тоҷикистон фироркарда Аваз Назаров ва ширкати “Ансол”-и ӯ, ки дар гузашта низ аз таъминкунандаҳои асосии ТАЛКО бо гилхок маҳсуб мешуд, тақрибан 140 миллион доллар пардохт карда буд. Танҳо хароҷоти баҳси додгоҳӣ бо “Ансол”, бо шумули ҳаққи вакилони бритониёии ширкати ТАЛКО, беш аз 100 миллион доллар гуфта мешуд.

Корхонаи алюминсозии ТАЛКО, воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода, тақрибан 50-километрии ғарби Душанбе, бо иқтидори тавлиди 400 000 тонна алюминий дар сол бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳудуди 60 дарсади содироти кишвар аз ҳисоби фурӯши алюминий – фаровардаи асосии ТАЛКО ба даст меояд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG