Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ситораҳои Иттиҳод" ва ҷоизаи 2-миллионии Талбак Назаров


Талбак Назаров

Талбак Назаров

​Академик Талбак Назаров, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, имсол нишони “Ситораҳои Иттиҳод”-ро соҳибӣ кард, ки арзиши ҷоизаи пулияш баробар ба ду миллион рубли русӣ будааст.

Академик Талбак Назаров -- вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон бо нишони "Ситораҳои Иттиҳод" ва ду миллион рубли русӣ, муодили тақрибан 40 ҳазор доллар, сарфароз шуд. Маросими тақдими ин нишон ва ҷоизаи пулӣ рӯзи шанбе дар Воронеж ва дар тӯли шаш соли мавҷудияташ нахустин бор берун аз Маскав баргузор гардид.

Имсол, дар маҷмӯъ, ҳашт тан соҳиби нишони "Ситораҳои Иттиҳод" шуда, аммо дар маросими тақдими он ҳамагӣ шаш нафар иштирок карданд. Талбак Назаров, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон, ҳам дар ин маросим ҳузур дошт.

Ҷоизаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2009 аз ҷониби Шӯро оид ба ҳамкориҳои башардӯстона ва Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои ИДМ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон таъсис ёфтааст. Ин ҷоиза ҳамасола дар се бахш - илму маориф, фарҳангу санъат ва саҳми арзишманд дар таҳкими робитаҳои башардӯстона ба шахсиятҳои арзандаи кишварҳои узви ИДМ супурда мешавад.

Соли 2013 аз Тоҷикистон Раҳим Масов, директори собиқи Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳо сазовори ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод" гардида буд. Он вақт маросими тақдими ин ҷоиза дар Хонаи Пешкови Китобхонаи давлатии Русия баргузор гардида, дар он намояндагони расмии давлатҳои узви ИДМ, корпусҳои дипломатӣ ва аҳли илму эҷод иштирок карданд.

Имсол дар баробари Талбак Назаров, Чингиз Абдуллоев аз Озарбойҷон, Ростислав Янковский аз Беларус, Михаил Мунтян аз Молдова, Динара Чочумбоева аз Қирғизистон, Рафаэл Котанҷян аз Арманистон, Бибигул Нусибҷонова аз Қазоқистон ва Владимир Федосеев аз Русия соҳиби "Ситораҳои Иттиҳод" шуданд.

Талбак Назаров феълан раиси Фонди хайрияи Тоҷикистон аст, ки соли 1997 таъсис шуда, асосан барои мардуми аз офатҳои табиӣ зиёндида кумак мекунад. Ӯ 77 сол дорад ва аз соли 1994 то 2006 ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст.

Оқои Назаров соли 1956 Техникуми молиявию кредитии собиқ Сталинобод, соли 1960 Донишкадаи молиявию иқтисодии Ленинград ва соли 1965 аспирантураи ҳамин донишкадаро хатм кардааст. Соли 1974 дар мавзӯи “Масъалаҳои усулҳои ҳавасмандгардонии молиявии пешрафти техникӣ дар саноат” рисоли докторияшро ҳимоя карда, соли 1976 профессор ва соли 1991 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон мешавад. Ӯ академики Академияи байналмилалии мактаби олӣ (1991), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003) низ ҳаст.

Талбак Назаров дар гузашта ба ҳайси раиси Донишгоҳи миллӣ, вазири маориф, ноиби президенти Академияи илмҳо, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент фаъолият карда, бо орденҳои “Ситораи Президенти Тоҷикистон” (1998) ва “Дӯстӣ” (1999) сарфароз гардидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG