Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти ҳаракат дар гузаргоҳи Қулма


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бар пояи як созишнома миёни Тоҷикистон ва Чин, рафтуомад тариқи гузаргоҳи марзии Қулма-Қарасу маҳдудтар шудааст.

Дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ хабар дод, ки сабаби аслии маҳдудияти ҳаракат дар гузаргоҳи Қулма-Қарасу, боришоти зиёди барф ва сардии шадид мебошад. Гузаргоҳи Қулма-Қарасу ягона гузаргоҳест, ки Тоҷикистон ва Чинро бидуни убур аз кишвари дигар мепайвандад.

Ба гуфтаи манбаъ, мутобиқи созишномаи ҳосилшудаи маъмурияти вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва ҳавзаи Қошғари Вилояти Мухтори Синтзян дар гузаргоҳи Қулма-Қарасу, равфуомад тариқи ин гузаргоҳ бар асоси як ҷадвали махсус бо реҷаи муваққатӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Тибқи ҷадвали мушаххасшуда, моҳи ҷорӣ гузаргоҳ рӯзҳои 21, 22 ва 23-юм ва моҳи феврал дар рӯзҳои 11, 12, 13, 25, 26 ва 27 ва дар моҳи март рӯзҳои 11, 12, 13, 25, 26 ва 27-ум боз буда, шароит барои рафтуомад фароҳам оварда хоҳад шуд.

Гузаргоҳи Қулма соли 2004 ба фаъолият шурӯъ карда, ягона гузаргоҳест, ки Тоҷикистонро мустақиман то Чин мебарад ва дар рушди иқтисоди ин кишвар нақши муҳим дорад. Ҳамасола ин гузаргоҳ аз авоили моҳи май то охири моҳи ноябр боз буд. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз Чин хостанд, гузаргоҳи Қулма-Қарасу, ки ин кишварро бо давлати Чин пайваст мекунад, баста нашавад.
Моҳи декабри соли 2011 миёни Чину Тоҷикистон созишномаи дуҷониба ба имзо расид ва ҳаракат дар ин шоҳроҳ доимӣ эълон шуд.

Зимнан, гузаргоҳи Қулма-Қарасу бо онки Тоҷикистон ва Чинро бидуни убур аз кишвари дигар, яъне ба таври мустақим пайваст мекунад, яке аз нуқтаҳои бисёр муҳими ҳамлу нақли коло ба шумор меравад. Маҳсулоти чинӣ тавассути борбарҳои худи ин кишвар то марз, яъне то анбор ва терминалҳои вилояти Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб кашонида мешавад ва сипас ба навоҳии мухталифи Тоҷикистон мошинҳои ширкатҳои худӣ онҳоро интиқол медиҳанд.

Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, баъди боз шудани ин гузаргоҳ дар соли 2004, солона ҳаҷми ҳамлу нақли коло бештар шуда, Тоҷикистон аз инзивои воридоти мол раҳо шудааст. Дар ҳоли ҳозир воридоти коло ба Тоҷикистон тавассути даҳ гузаргоҳи автомобилӣ аз Афғонистон, Чин, Узбакистон ва Қирғизистон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG