Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ: Навбати кадрҳои "ҷавону корозмуда"?


Қасри Миллат - қароргоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон
Қасри Миллат - қароргоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷараёни тағйироти кадрии рӯзи 15 март асосан “кадрҳои ҷавону корозмуда” ба мансабҳои баланд таъин шудаанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар додситонии кулл, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи андозро ба ҳузур пазируфтааст. Бино ба ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат ин кадрҳои навро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.”

Дафтари матбуоти президент мегӯяд, рӯзи 15 март аз ҷумла муовини раиси Кумитаи андоз, сардори раёсати ташкили кори додситонии кулл, муовини додситони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Дарвоз, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Гулистон, Бӯстон (собиқ Қайроқуму Чкаловск) ва навоҳии Фирдависву Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин шудаанд. Ҳамин тавр, дар ҷараёни тағйироти кадрии рӯзи сешанбе додситонҳои ҷадиди ноҳияҳои Роштқалъа, Бохтар, Конибодом, Зафаробод ва Шоҳмансур дар ҳузури президент Раҳмон муаррифӣ шудаанд.

Дар гузориши нашршуда дар сомонаи президент исми ин мансабдорони ҷадид оварда нашудааст, вале гуфта мешавад, ки аз ҷумла ба раҳбарии шӯъбаҳои корҳои дохила “кадрҳои ҷавону корозмуда”-ро таъин кардаанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аммо сомонаи расмии вазорати корҳои дохила низ бол таъкид ба таъин шудани “кадрҳои ҷавону корозмуда” исми афсарони таъиншуда ба раҳбарии шӯъбаҳои корҳои дохилаи 11 шаҳру ноҳияи Тоҷикистонро нашр кардааст:

- полковники милитсия Дадобойзода Ҳотамҷон Пулодӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд;

- полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

- полковники милитсия Раҷабзода Нуралӣ Раҷаб ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон;

- подполковники милитсия Ҷаъфарзода Хайриддин Ҳайдар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон;

- майори милитсия Давлатзода Шафкат ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон;

- полковники милитсия Мирзозода Хуршед Мирзоамин ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд;

- полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;

- полковники милитсия Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинааҳмад ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ;

- полковники милитсия Раҳмонзода Абдураҳмон Дуст ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Дарвози ВМКБ;

- полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ;

- полковники милитсия Саидов Раҳматулло Аҳмадович сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур.

Тағйироти кадрӣ дар мақомҳои баланду миёнаи ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ идома дорад. Аммо то кунун ин тағйирот бештар ба ҷойивазкунии ҳамон як гурӯҳи мансабдорони собиқадори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштани онҳо шабоҳат дошт.

Рустам Назаров
Рустам Назаров

Аз пурсарусадотарин мавридҳои таъиноти кадрии имсола интисоби рӯзи 2 феврали додситони кулли собиқ Шерхон Салимзода, аз курсии раиси Иттифоқҳои касаба ба мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир буд. Генерал Рустам Назаров, ки 16 сол боз, аз рӯзи таъсиси ин Оҷонсӣ бо ҳамагӣ чанд моҳ фосила дар соли 2004, ки курсии ӯро ба генерали ҳоло зиндонӣ Ғаффор Мирзоев (Ғаффор-Седой) дода буданд, раҳбари ин идора буд, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таъин шуд.

Дигар мавриди пурсарусадо дар тағйироти кадрии имсола таъини духтари президент Озода Раҳмон ба мақоми раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар таърихи 27 январ буд.

XS
SM
MD
LG