Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Моҳи асал" дар Сурия? 7 сол ҳукми зиндони Хуршедҷон дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи олии Русия рӯзи 26 январ 7 соли ҳукми зиндони як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҷалби духтарони рус ба ҷанги Сурия айбдор мешуд, ба қувваи худ боқӣ гузошт.

Додгоҳи олии Русия рӯзи 26 январ 7 сол ҳукми зиндони шаҳрванди Тоҷикистон Хуршедҷон Миҳтоҷовро бетағйир гузошт. Миҳтоҷеви 26-сола моҳи октябр аз сӯи додгоҳи низомии минтақаи Қафқози шимолии Русия ба 7 соли ҳабс маҳкум шуда буд. Додгоҳи ин ҷавони тоҷикродар ин айбдо донист, ки аз тариқи мукотиба дили духтаронро ба даст оварда, бо ваъдаи издивоҷ онҳоро барои пайвастан ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ҷалб мекард.

Бино ба гузориши хабарнигори хабаргузории русии РИА Новости аз толори додгоҳ, Хуршедҷон Миҳтоҷов дар ҷараёни мурофиа ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт, ӯ дар воқеъ мехост ба духтаре, ки ӯро ба ҷалби ӯ ба ҷанги Сурия айбдор мекунанд, издивоҷ кунад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки тарафдори ақидаҳои тундрави мазҳабӣ ва мӯътоди маводи мухаддир нест. Хуршедҷон Миҳтоҷов дар додгоҳи эътироф кардааст, ки қасди сафари Сурияро дошт, вале на барои “ҷиҳод”, балки барои ...наворгирии як филми мустанад дар бораи сахтиҳои зиндагии мардуми он кишвари ҷангзада.

Хуршедҷон Миҳтоҷев, бино ба гузориши матбуоти Русия, дар додгоҳ ба забони тоҷикӣ шаҳодат додааст. Ӯ гуфтааст, ки ба забони русӣ хуб балад нест.

Аммо мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ин асос надорад, чунки ӯ мукотибаҳояш бо як духтари сокини кишвари Ставрополро бо русӣ мебурд. Тафтишот мегӯяд, ки Миҳтоҷов аз тариқи мукотиба дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сӯҳбатҳои телефонӣ ин духтарро ташвиқ мекард, ки бо ӯ никоҳи мусалмонӣ кунад ва ба Сурия биравад. Баъди ба даст овардани ризоияти духтар Хуршед Миҳтоҷов, ки дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, бо автобус ба Ставропол сафар мекунад.

Хуршедҷон Миҳтоҷовро соли 2015 ҳангоми расидан ба Ставропол дар истгоҳи автобусҳо дастгир кардаанд. Ҳангоми боздошт аз ҷайби ӯ ҳероин низ пайдо кардаанд.

Додгоҳ Миҳтоҷовро дар кумак ба фаъолиятҳои террористӣ (қисми аввапли моддаи 205) ва нигоҳ доштани маводи мухаддир бе ҳадафи фурӯши он (банди дувуми моддаи 228-уми Кодекси ҷиноии Русия) айбдор шинохт ва ба 7 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Ироқу Сурияро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асиронаш ном баровардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди 900 шаҳрванди тоҷик низ дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундрав ва бештар дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, то имрӯз тақрибан 150 ҷангҷӯи тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ кушта шудаанд.

Ба бовари мақомоти Тоҷикистон, аксари ҷангҷӯёни тоҷики ҷангҳои Ироқу Сурия ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб шудаанд.

Кишварҳои ҷаҳон ба раҳбарии Амрико эътилофе ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои "Давлати исломӣ"-ро дар Сурия бомбборон мекунад. Аз сентябри соли 2015 Русия низ ба анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи мухолифини ҳукумати президенти Сурия Башор Асад шурӯъ кард, вале Маскав амалиётҳояшро аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико алоҳида анҷом медиҳад.

Фаъолияти "Давлати исломӣ" дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон, расман манъ ва ин созмон ба рӯйхати созмонҳои ифротиву террористӣ шомил карда шудааст.

XS
SM
MD
LG