Пайвандҳои дастрасӣ

Маорифи Тоҷикистон рӯ ба Туркия меорад


Вазири маорифи Тоҷикистон ва муовини вазири маорифи миллии Туркия ҳангоми дидору сӯҳбатҳо

Вазири маорифи Тоҷикистон ва муовини вазири маорифи миллии Туркия ҳангоми дидору сӯҳбатҳо

Вазорати маорифи Туркия гуфтааст, теъдоди бурсҳо барои довталабони тоҷик ба мактабҳои олии ин кишварро афзоиш медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки Туркия ҳамасола барои довталабони тоҷик ҳудуди дувоздаҳ бурс ихтисос медод.

Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, "ҷонибҳо то кунун дар бораи қабули донишҷӯёни тоҷик ба бахши магистратура ба донишгоҳҳои Туркия ва феҳрасти муҳассилин дар давоми соли хониш барои дохил шудан ба мактабҳои олии Туркия, машварат карданд."

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар бахши маориф пас аз фурӯпошии ҳукумати Шӯравӣ оғоз ёфта, нахустин литсейҳои туркӣ-тоҷикӣ низ он вақт ба фаъолияти худ пардохтаанд.

Феълан дар Тоҷикистон 6 литсейи тоҷикӣ-туркӣ дар Душанбе, Суғд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Турсонзода амал мекунанд.

Тартиби қабул дар ин литсейҳо вижагиҳои худро дорад. Хонандагон баъд аз хатми барномаи таълимии синфи шашум аз тариқи озмун ба ин литейҳо қабул карда мешаванд.

Бар асоси барномаи таълимии ин литсейҳо, ки бо барномаҳои таълимии Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамоҳанг шудааст, фанҳои дақиқ баъд аз хатми синфи 8 комилан ба забони англисӣ таълим дода мешавад.

Ҳамасола наздики 360 нафар ба литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ аснод супорида, аз ин теъдод ҳамагӣ 90 довталаб баъд аз гузаштан аз озмуни даври дуввум, ҳаққи таҳсил дар литсейро пайдо мекунанд.

Аброр, навраси 16-сола, ҳоло дар яке аз литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ таҳсил дорад. Вай мегӯяд, вақте аз барномаи таълимии ин литсей ва талаботи сатҳи дониши он огоҳ шудааст, талош карда, ки аз озмун бигузарад.

Ин навраси тоҷик гуфт, соли аввал аст, ки фанҳои дақиқро бо забони англисӣ аз худ мекунад. Вай ният дорад, пас аз хатми литсей энергетик шавад.

Моҳсафар Каримова, як сокини Душанбе, аз он таассуф мехӯрад, ки дар соли гузаштаи соли 2010 натавонистааст писари дуввумашро ба литсейи туркӣ ворид кунад.

Хонум Каримова мегӯяд, агарчӣ сарусадо дар бораи ба истилоҳ "пантуркизм"-и литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистонро зиёд шунидааст, аммо баъд аз хатми писари калониаш дарк кардааст, ки ин овозаҳо ҳақиқат надоранд.

Вақтҳои ахир дар матбуоти даврии Тоҷикистон атрофи фаъолияти литсейҳои туркӣ маводи интиқодӣ зиёд ба нашр мерасанд. Иддае аз муаллифон литсейҳои мазкурро ба "миллатгароӣ" ва "ҳадафҳои махсус" муттаҳам мекунанд.

Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло дар пайи посух навиштан ба ин маводи "бедалел" ва "тӯҳматомез" ҳастанд. Ба гуфтаи масъулон, дар литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ ҳудуди 230 омӯзгор фаъолият доранд, ки 166 нафари онҳо омӯзгорони тоҷик ва боқимонда омӯзгорон аз Туркия будаанд.

Бобоҷони Қаюмзод, таҳлилгари ҷавони тоҷик бар ин назар аст, ки ҳамкориҳои илмӣ ва касбӣ набояд марз дошта бошанд. "Аммо баъзе аз масоилро мадди назар гирифт. Қабл аз ин, ки нафаронеро ба кишварҳои дигар мефиристем, бояд заминаи ҳуввияти миллӣ дар зеҳни он ҷавон тавре сохта шуда бошад, ки аз воқеиятҳои фарҳангии милли худ дур нагардад. Мушкилоте, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад, бештар ба ҷанбаҳои беҳуввиятии ҷавонон вобаста, ки онҳоро ба мушкил дучор мекунад, на чизи дигар",-афзуд ӯ.

Бо ин ҳол, бино ба иттилои вазорати маориф бештар аз 600 нафар ҷавони тоҷик дар Туркия машғули таҳсиланд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG