Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди “Тоҷик-таун” зери суол аст


Раҳматулло Мазориев
Раҳматулло Мазориев

Тоҷикони муқими вилояти Перми Русия мегӯянд, бунёди маҳаллаи тоҷикӣ нияти неки як соҳибкори тоҷик аст, вале баъзе гурӯҳҳо талош доранд ба ин ташаббус ҷомаи сиёсӣ пӯшонанд.

Шаҳрванди тоҷиктабори Русия Раҳматулло Мазориев мегӯяд, пешниҳоди бунёди маҳаллаи тоҷикӣ дар канораҳои вилояти Перм феълан фақат нияти неки як соҳибкори тоҷиктабор Ҷонибек Ҷононов аст, ки “ҳеҷ маълум нест, кай иҷро хоҳад шуд”. Ҷононов, як тоҷики шаҳрванди Русия, раҳбари ширкати сохтмонии "Европлюс" аст, ки солиёни зиёд мехоҳад дар Перм барои ҳаммиллатҳои худ хона бунёд кунад.

Мазориев, ки аз даврони шӯравӣ дар Перм зиндагӣ дорад, мегӯяд, ӯ ҳам мехост фарзандашро оиладор намуда, барояш дар ҳамин маҳаллаи пешниҳодӣ манзиле харидорӣ кунад, вале барояш гуфтаанд, ки феълан ин танҳо “як барномаест, ки бояд дар солҳои баъдӣ амалӣ шавад” ва маълум нест, кай он амалан иҷро хоҳад шуд.

Ахиран як идда сомонаҳои интернетии вилояти Перм иттилоъ доданд, ки ҷамоаи тоҷикони Перм мехоҳад дар минтақаи Заостровкаи ин вилоят як маҳаллаи тоҷикӣ бунёд намояд. Муфтии мусулмонони Перм Муҳаммадалӣ Ҳузин ин пешниҳодро мавриди танқид қарор дода, гуфтааст, ки агар мақомоти вилоят ба бунёди маҳаллаҳои қавмӣ иҷозат диҳанд, фардо муҳоҷирон Пермро байни ҳам тақсим хоҳанд кард. Муфтии Перм дар сӯҳбат бо сомонаи 59.RU гуфтааст, ки муҳоҷирон бояд дар марказҳои хос аз муоинаи тиббӣ гузаранд, забон омӯзанд ва дар хобгоҳҳои махсус иқомат намуда, ба ин восита расму оини мардуми маҳаллиро аз худ кунанд. Ба қавли муфтӣ, дар вагонҳову таҳхонаҳо ҷой додани муҳоҷирон паёмади хуб надорад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00
Линки мустақим


Аммо, ба гуфти Раҳматулло Мазориев, бунёди маҳалла ё худ хонаи бисёртабақаи истиқоматӣ як лоиҳаи тиҷоратӣ аст, ки бори аввал панҷ сол пеш матраҳ шуда буд ва “Тоҷиксодиротбонк” ҳам розӣ шуд сармоягузории онро бар дӯш гирад, вале “дархостҳои беҳуда ва коғазбозии зиёд” соҳибкорони тоҷикро аз татбиқи ин барнома дилсард кард.

Вай мегӯяд, "Мо бо раёсати “Тоҷиксодиротбонк” ҳам ба мувофиқа расида будем, ки пули замину инфраструктураи деҳаи миллиро пайдо кунем, вале ин барнома беҳаракат монд. Мехоҳам як рӯз худам назди муфтӣ раваму масъаларо барояш шарҳ диҳам.”

Ба гуфтаи Раҳматулло Мазориев, дар ҳудуди Перм чанд маҳаллаи миллие, аз қабили маҳаллаи тоторҳо ё маҳаллаи қирғизҳо бунёд шудааст, ки каме пештар аз тоҷикҳо ба ин шаҳр омада, дар як гӯшаи шаҳр хона бунёд кардаанд. Мазориев мутмаин аст, ки ҳангомаи атрофи барномаи бунёди ба истилоҳ “Тоҷик-таун” бархоста,ангезаи сиёсӣ ё миллӣ надорад”. Вай гуфт, касе мехоҳад аз ҳаво “сенсатсия созад”.

Сомонаи интернетии 59.RU менависад, ки дар минтақаи канори рӯди Камаи Русия шумори муҳоҷирон рӯ афзоиш аст ва соли гузашта аз ҳисоби шаҳрвандони ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ беш аз шашу ним ҳазор нафар ба Перм ҳиҷрат намудааст, ки аз ин байн наздики яку ним ҳазор нафарашон тоҷик будаанд.
XS
SM
MD
LG