Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикону Тоҷикистон дар Facebook


Бунёдгузори Facebook, Марк Зуккербергер, 26 майи соли 2010.

Бунёдгузори Facebook, Марк Зуккербергер, 26 майи соли 2010.

Бино бар гузориши торнамои Socialbakers шумораи корбарони шабакаи Facebook аз Тоҷикистон дар се моҳи охир 35% афзоиш ёфта, ба 10 380 нафар расидааст, аммо ин шумораи ҳамаи тоҷикон дар Facebook нест, балки теъдоди онҳоест, ки Тоҷикистонро макони зисти худ эълон кардаанд.

Тоҷикон ва дӯстдорони Тоҷикистон аз кишварҳои гуногун дар Facebook гурӯҳ ё маҳфилҳои худро таъсис додаанд, ки шумораи умумиашон аз 300 адад бештар аст. Онҳо охирин хабарҳои Тоҷикистонро бо ин васила ба таваҷҷӯҳи ҳамдигар мерасонанд. Аммо ин маҳфилҳо густарда нестанд, зеро ширкатдорони онҳо ҳамдигарро асосан аз рӯи шиносоии воқеӣ, шарикдарсӣ ва ҳамдиёрӣ интихоб мекунанд. Бархе асосан ба бозиҳои муштараки интернетӣ рағбат нишон медиҳанд ва бархи дигар ба ҷустуҷӯи ҳамсари оянда ё дӯстони нав.

Дар саросари ҷаҳон наздик ба 585 миллион нафар аз Facebook истифода мекунанд. Онҳо аз кишварҳои гуногун вориди ин сафҳаи интернетӣ шуда, ҳамдигарро аз рӯи завқу ақида, манфиат, зодгоҳ ё макони зист ва мансубиятҳои дигаре пайдо мекунанду бо ҳам дар тамос ва аз кору рӯзгори ҳамдигар бохабар мешаванд. Садҳо нафар ба воситаи шабакаи иҷтимоии Facebook аз ахбор, таҳлилу гузоришҳои Радиои Озодӣ огоҳ мешаванд ва наворҳои видеои Озодиро тамошо мекунанд.

Facebook як навъ имейли ҷаҳонист, аммо бо имкониятҳои зиёде мисли нашри матн, акс, видео ва садо. Ин як навъ блог ё торнигор аст, барои одамони умдатан камҳарф, ки бо нашри як акс аз ҷашни зодрӯз ё сафари хориҷӣ, видеои кӯтоҳи ҳодисае ё чанд ҷумла аз рӯҳияи ҳамилаҳзагии хеш паёмеро ба ин девори бузург мечаспонанд ва ба ҳамагон мерасонанд. Дар зимн, торнигори шахс дар Facebook ҳамин гуна "девор" ном дорад.

Бунёдгузори Фейсбук, Марк Зуккерберг онро дар соли 2004 ба ҳайси девори эълонҳои кӯтоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи Ҳарвард сохта буд. Дертар ин торнамо барои истифодаи умум дар интернет ҷой дода шуд ва дар соли 2010 шумораи корбаронаш аз ним миллиард нафар гузашт. Ба ин муносибат маҷаллаи Тайм Зуккербергро чеҳраи соли 2010 эълон кард.

Наздик ба 150 миллион корбарони Facebook дар Иёлоти Муттаҳида ба сар мебаранд ва кишварҳое монанди Индонезия, Бритониё, Туркия ва Фаронса ҳар кадом зиёда аз 20 миллион нафарӣ корбари Фейсбук доранд.

Ба сурати умум шумораи "фейсбукиён" дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад. Бештарин афзоиш дар се моҳи гузашта дар Русия (50%) ва Украина (44%) дида мешавад. Густариш ҳамчунин дар кишварҳое мисли Ироқ ё Яман ва мамолики Африқо дар байни 20 то 30 дарсад аст.

Аммо, факти аҷиб ин аст, ки дар кишварҳои пешрафтае монанди Бритониё, Австралия, Исроил, Норвегия, Шведсия, Сингопур, Зелонди Нав, Ирландия ва ғайра шумораи корбарони Фейсбук рӯ ба коҳиш аст. Сабаб дар зуҳури шабакаҳои навест, ки акнун одамонро аз рӯи мансубиятҳои маҳдудтаре муттаҳид мекунанд. Аз сӯе ҳам, корбарони қадимитари Facebook-ро сӯистифода аз иттилои хусусӣ ва ҳассос онҳо нигарон кардааст. Соли 2010 раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз ҷавонони амрикоӣ хост, ҳар гуна иттилои вижаи худро дар Фейсбук нашр накунанд ва ҳадафи суистифода ё ҳувиятдуздӣ қарор нагиранд.

Худи Обама ва бисёре аз сарони кишварҳо, аз ҷумла маликаи Бритониё дар Facebook сафҳаи худро доранд. Солҳои охир шабакаи иҷтимоӣ тобиши бештари тиҷоратӣ касб мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG