Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон кӯтоҳмуддат хоҳад буд?


Владимир Чиркин
Владимир Чиркин
Владимир Чиркин-фармондеҳи нирӯҳои пиёданизоми Русия аз мушкилоти имзои қарордод бо Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Чиркин гуфтааст, имзои Созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба мӯҳлати 49 сол ба хатар рӯбарӯ шудааст.

Ин генерали рус, ки дар нишасти Кумитаи Шӯрои Федерацияи Русия оид ба мудофеа ва амният сӯҳбат мекард гуфт, "мушкилоти зиёде мавҷуд аст, ки тамдиди қарордоди истиқрори нерӯҳои Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати 49 солро ба хатар мувоҷеҳ кардааст". Дар ин бора хабаргузории “Новости” иттилоъ додааст.

Чиркин дар идома афзудааст, Тоҷикистон пешниҳод кард, ки қарордод танҳо ба мӯҳлати 10 сол имзо шавад. Русия дар Тоҷикистон ҳудудан 7 ҳазор нерӯи низомӣ дорад, ки қисме дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, гурӯҳи дигар дар Қӯрғонтеппа, 100-километрии ҷануби пойтахт ва бахше ҳам дар Кӯлоб, 200 километр, дуртар аз Душанбе ҷойгир шудаанд.

Ин нерӯ бузургтарин воҳиди низомист, ки Русия берун аз қаламрави худ мустақар кардааст. Пойгоҳи низомии Русия аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ дар Тоҷикистон мустақар аст.
XS
SM
MD
LG