Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расонаҳои Русия мусоҳибаи яке аз ширкаткунандагони ҷангҳои Рейхстаг дар Берлинро нашр карданд, ки бино бар он тоҷикон низ гузоштани нуқтаи охирини ҷанг бо фашизми ҳитлерӣ нақш доштаанд.

Пас аз 70 соли пирӯзии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги зидди фашизми Олмон низ баҳси он ки ливои сурхи шӯравиро кӣ бар фарози Рейхстаг устувор кард, хомӯш намешавад. Баръакс нидоҳои он ки ҳақиқат бояд гуфта шавад, баландтар садо медиҳанд.

Бино ба таърихнигории расмии Шӯравӣ ва Русия парчами шӯравиро Алексей Берест, Мелитон Кантарияи гурҷӣ ва Михаил Егоров рӯзи 1 майи соли 1945 ба муҷассами қайсар Вилгелм дар боми Рейхстаг бастанд. Аммо манбаъҳои дигар ба нақл аз ширкатдорони воқеа менависанд, ин корнома ба сарбозони артиши 8-уми Шӯравӣ Алексей Ковалёв, Абдулҳаким Исмоилови доғистонӣ ва Леонид Горичев тааллуқ дорад ва воқеа на 1 май, балки 30 апрел рӯй додааст. Ба гуфтаи онҳо, рӯзи 1 май даргириҳо дар Рейхстаг ба поён расида буд ва Берест бо Кантария ва Егоров парчамро дубора васл карданд ва дар ин пайт аз онҳо аксбардорӣ шуд. Ин акс таърихӣ шуд ва ҳам таърихро "навишт".

Солҳои охир манобеи дигар аз лейтенант Раҳимҷон Қушқорбоеви қазоқ ва сарбози қаторӣ Григорий Булатов ном мебаранд ва мегӯянд, онҳо нахустин шуда парчамро дар яке аз сутунҳои Рейхстаг уствор карданд.

Аммо таърихшиносии расмии Русия фарзияи ҷойафтодаи замони шӯравиро ҳифз мекунад. Дар остонаи 70-умин солрӯзи Пирӯзӣ бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтиморӣ менависанд, “барои русҳо хушоянд нест, як намояндаи қавми қазоқро қаҳрамони суқути Рейхстаг унвон кунанд”. Ба андешаи дигарон, шикастани устурае, ки дар зеҳни миллионҳо нафар "санг бастааст", кори осон нест.

Ҳамон гуна ки нақши қаҳрамонони воқеии суқути Рейхстаг нодида гирифта мешавад, расонаҳо ва давлатмардони Русия ҳамчунин аз саҳми намояндагони миллатҳои дигар дар шикасти фашизм аҳёнан ва гӯё маҷбуран ёд мекунанд ва раисиҷумҳури ин кишвар Владимир Путин борҳо гуфтааст, халқи рус дар пирӯзӣ бар фашизми ҳитлерӣ “нақши таърихӣ ва пешбаранда дошт”.

Ин дар ҳолест, ки худи собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум қаҳрамонии садҳо нафар аз намояндагони қавму миллиятҳои дигар, ба монанди украинҳо, беларусҳо, тоторҳо, қазоқҳо, тоҷикон, узбакҳо, гурҷиҳо, туркманҳо ва дигарон ёдоварӣ мекунанд. Вале дар бархе аз ёддоштҳои онҳо низ ин мардум ба он муттаҳам мешаванд, ки русиро намедонистанд, дониши ками ҳарбӣ доштанд, шиноварӣ карда наметавонистанд, ташаббускор набуданд ва ғайра. Бардошти умумӣ ин мешавад, ки қавмҳои дигар дар ин ҷанг нақши "сояи лашкар"-ро мебозиданд.

Чанде пеш яке аз ширкатдорони ҷангҳо дар Рейхстаг, Николай Беляев дар мусоҳибаи худ бо шабакаи аввали телевизиони Русия гуфт, тоҷикон дар ҳамла ба Рейхстаг саҳм доштанд. Беляев он замон лейтенанти полки 756-уми дивизияи 150-и гвардиячии Идрис буд. Вай мегӯяд, барои ҳамаи ҷузвутомҳое, ки дар сафи пеши ҷабҳаи Берлин ҳадафи ҳамла ба Рейхстагро доштанд, парчамҳои зиёде таҳия шуд, чун касе намедонист, кӣ аввалин шуда ба Рейхстаг ворид мегардад. Биноро наздик ба 2000 сарбозу афсари олмонӣ дифоъ мекарданд ва тамоми давру бари он зери тирборони бефосила буд.

Беляев мегӯяд, вақте ба Рейхстаг расид, ӯро тоҷикҳо пешвоз гирифтанд (айнан):​ "Меня встретили товарищи-таджики. Один из них, который говорил неплохо на русском языке, говорит: товарищ лейтенант, а Раджай Ищанов сгорел еще не совсем убитый. То есть они не могли подобрать слова "раненый". А вот "не совсем убитый"... А вот, значит, перебегая, он упал в огне и сгорел", — вспоминает Беляев.

Эҳтимол сухан аз Раҷаб Эшонов меравад, ки дар бархе аз ҷангномаҳо дар сафи ширкаткунандагони ҳамла ба Берлин ёд мешавад. Ба гуфтаи Беляев Эшонов раҳбари созмони комсомолии рота буд ва низ талош кардааст, ки бо парчам вориди Рейхстаг шавад, вале дар даромадгоҳи он захмӣ гашт ва дар оташ сӯхт.

Нависандаи машҳури рус, собиқадори ҷанг Василий Субботин дар ёдномаи худ “Ҷангҳо чӣ сон ба поён мерасанд”, ки соли 1968 нашр шудааст, аз тоҷики дигаре ёд мекунад, ки дар ҷангҳои Рейхстаг ширкат кардааст. “Ҳамлаи баталйони моро ротаи тоҷик Ато Атоев сарварӣ кард. Атоев — марди зебои мӯйи сараш ғулӣ буд. То ҳоло маслиҳатҳои ӯро ёд мекунам. Вай як афсари кордон буд ва ҳамеша маро меомӯзонд, мисли як бародари калонам буд.”

Ҷоизаномаи Солиҷон Олимов

Ҷоизаномаи Солиҷон Олимов

Субботин ҳамчунин аз сӯҳбатҳояш бо лейтенант Раҳимҷон Қушқорбоеви қазоқ ёдовар мешавад ва бар пояи хотираҳои ӯ метавон гумон кард, ки Ато Атоев ва Қушқорбоев ҳамдигарро мешинохтанд ва дар ҷанги Рейхстаг ҳамроҳ буданд. Субботин менависад, нерӯҳои шӯравӣ таҳти сарварии Атоев субҳи 30 апрел ба майдони назди Рейхстаг расида буданд. Ин нерӯҳо мансуби дивизияҳои 16 ва 17-и савораи Артиши Сурх буданд. Ҷангноманависи Тоҷикистон, хабарнигори пешини ТоҷикТА (ҳоло “Ховар”) Олег Соболев муқаррар кардааст, ки ин ду фирқа дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфтаанд. Шояд ба ин сабаб ширкати тоҷикистониён дар ҷангҳои Берлин густарда будааст.

Вай меафзояд: “Бисёре аз тоҷикистониҳо, ширкаткунандагони ин ҷангҳо ба ҷоизаҳои баланди давлатӣ мушарраф шуданд. Дар байни онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Гордеев ва савораи машҳур аз Мӯъминобод Жуков барои ин ордени “Ҷанги ватании дараҷаи 1” гирифтанд. Сокинони Сталинолод (номи Душанбе то соли 1954) Пайгин, Брилёв, Иванников, зодаи Кӯлоб -- Шарифов, Ҷалолов аз Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ва дигарон ордени ҳамсони дараҷаи 2 гирифтанд.”

Ҳафтаи гузашта шиори саршиноси тоҷик Мӯъмин Қаноат гуфт: "Барои ман аламовар буд, ки бисёр Қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон, ки корнома нишон дода буданд, ба унвони дигар миллатҳо, аз қабили тотору узбек ва ғайра дар ҳуҷҷатҳо қаламдод шудаанд. Саидаҳмад Каримовро се бор ба қаҳрамонӣ пешниҳод карданд. Надоданд. Ӯ аз Ховалинг буд. Вай раҳбари коммунистони олмонӣ Эрих Ҳонннекерро аз маҳбаси ҳитлерӣ наҷот дод. Шеъри "Гули бодом"-и ман ба ӯ бахшида шудааст, зеро аспаш чунин ном дошт. Ба ҷангноманависӣ рӯй оварданам маҳз ҳамин алам буд, ки дар ҳамон вақт низ тоҷикони мо пушту паноҳ надоштанд, то аз қаҳрамонҳои худашон дифоъ кунанд,"

Вале дар бархе аз мавридҳо таърихномаҳои шӯравӣ қаҳрамонии тоҷиконро эътироф мекунанд. Дар яке аз онҳо гуфта мешавад, ки парчами пирӯзиро бар тоқи Вазорати ҳавонавардии Олмони ҳитлерӣ, наздикии Рейхстаг, лейтенанти тоҷик Солиҷон Олимов дар ҳоле устувор кардааст, даргириҳои шадид дар Берлин рӯзи 2 майи соли 1945 идома доштанд ва ӯ дар ин асно захмӣ гашт. Корномаи Олимов рӯзи 29 июни соли 1945 бо ордени “Байрақи Сурх” қадрдонӣ шуд.

Аммо худфидоӣ ва корномаи ҳазорон нафари дигар, тавре шоири саршиноси тоҷик мегӯяд, дар вақташ дида ва арҷгузорӣ нашуд ва пажӯҳиш нагаштааст. Таърихнигории сиёсатолуда хотираҳои дурахшонро ба фаромӯшии тадриҷӣ хоҳад буд.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG