Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бахши умдаи мардум дар Тоҷикистон хабарҳои марбут ба бӯҳрони Украинаро асосан аз шабакаҳои русӣ мегиранд ва ин сабаб шудааст, ки аксаран дар бораи таҳаввулоти ин кишвар аз нигоҳи шабакаҳои русӣ баҳо медиҳанд.

Гурӯҳи ҷавонони тоҷик, ки ба тозагӣ аз Украина баргаштаанд аз пӯшиши таҳаввулоти ин кишвар дар шабакаҳои телевизионии Русия, ангушти ҳайрат мегазанд. Бобоҷон Аҳмадов, як тоҷири 36 солаи тоҷик, ки ахиран дар чанд шаҳри мухталии Украина сафар доштааст, рӯзи чоршанбеи 15-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “он чӣ расонаҳои русӣ дар бораи вазъи Украинаро мегӯянд, аз воқеият дур аст.”

Бобоҷон мегӯяд, ӯ тоҷир аст ва нарху навои арзони Украина ин кишварро дар назари ӯ ҷаззоб кард ва давоми як моҳ сафарҳои тиҷоратиеро дар шаҳри Киев ва Лвови Украина анҷом дод. Ба қавли Бобоҷон, ӯ дар гузашта боре ҳам ба Украина нарафта буд. Дар бораи Украина ва вазъи он танҳо аз расонаҳои русӣ, бахусус шабакаҳои телевизионӣ иттилоот дарёфт мекард.

Ӯ мегӯяд, расонаҳои Русия аз украиниҳо “фашист” месозанд ва вазъро дар Украина тавре шарҳ медиҳанд, ки агар ба гуфтаи онҳо бовар кунӣ, гӯё украиниҳо ҳар нафареро,ки ба замони русӣ сӯҳбат мекунад, мекушанд: “Аммо ман ман дар он ҷо танҳо ба забони русӣ сӯҳбат мекардам ва касе ба ман кордор набуд,”- мегӯяд Бобоҷон. “Вақте дар Украина будам ва ба дӯстонам тамос мегирифтам, онҳо бо тааҷҷуб ва ҳаяҷон мегуфтанд, он ҷо чӣ кор мекунам? Чаро рафтаам? Бояд намерафтам. Чун онҳо фашист ё натсист мебошанд ва аз ин қабил ҳарфҳо.”

Бобоҷон меафзояд, аз панҷ нафар дар шаҳри Лвов ду нафар ҳатман бо забони русӣ сӯҳбат мекунанд: “Ман ба ғайр аз забони русӣ ва тоҷикӣ бо дигар забонҳо гап зада наметавонам. Пеш аз рафтан фикр мекардам, чӣ тавр бо забони русӣ гап мезанам. Вале аз ҳар касе бо забони русӣ суол кардам ё кӯмак хостам, чизе нагуфта, ҳатман ёрии худро мерасониданд. Ҳарчанд дар Киев мардум зиёд ба тазоҳурот бархоста буданд ва "Майдон"ро ба қабристон табдил додаанд, аммо ягон нафар яроқбадастро надидам. Ягон маротиба касе нагуфт ту кӣ ҳастӣ ва аз куҷо омадӣ?”

Ин тоҷири тоҷик ҳамчунин мегӯяд, дар Русия, ба хусус дар фурудгоҳ ва дар марзи Украина ба ӯ фишор оварданд, аммо дар Украина танҳо ду ҷумла гуфтанд: “Шиносномаатро ба ман деҳ ва хуш омадӣ ба Украина”.

Бахши умдаи мардум дар Тоҷикистон хабарҳои марбут ба бӯҳрони Украинаро асосан аз шабакаҳои русӣ мегиранд ва ин сабаб шудааст, ки аксаран дар бораи ин ҳодисаҳо ақидаи худро надоранд ва ба таҳаввулоти аз рӯи шабакаҳои русӣ баҳо медиҳанд. Баррасии таҳаввулоти Украина ва махусусан даст доштани Русия дар низои ин кишвар дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон тақрибан баррасӣ намешавад ва агар чизе пахш шавад ҳам бознашри гузоришҳои телевизиони Русия аст.

Дар сӯҳбати сарироҳии мо бо сокинони пойтахти Тоҷикистон ба ҷуз як нафар ҳамагӣ гуфтанд, ки вазъи Украинаро танҳо тариқи шабакаҳои русӣ тамошо мекунанд. Наҷибулло Шоев, як ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки дар бораи ҳаводиси Украина тариқи Шабакаи телевизионии "Русия 24" огоҳ мешавад. Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, ҳар куштор ва ваҳшонияте, ки тариқи ин шабака нишон медиҳад, ба он сад дар сад бовар дорад: “Дар Украина ҷанг рафта истодааст. Кӯдакону одамонро мекушанд. Ватанашонро вайрон карда истодаанд.”

Сафаралӣ Сироҷов низ мисли бештари мардуми тоҷик бештар шабакаҳои русӣ тамошо мекунад ва ба гумонаш хабарнигорони рус ҳақиқати ҳолро мегӯянд: “Вақте мо тамошо мекунем, ки чӣ хел дар Украина одам мекушанд. Чӣ хел ваҳшигарӣ аст, чӣ хел бовар намекунем?! Албатта ки бовар дорем. Дар ин телевизионҳо ҳама куштору ҷиноятро нишон медиҳанд.”

Аммо Шабнам Хоҷаева, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд, иттилоот дар бораи вазъи Украинаро тариқи шабакаҳои Мир, 24 ва ОРТ мешунавад, вале ба воқеияти онҳо бовар надорад, “ман ҳама хабарҳоро дар бораи Украина гӯш мекунам, аммо бовар надорам ба онҳо. Зеро гуфта мешавад дар Украина ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо амал мекунанд.”

Бо ин ҳам дар миёни ҳамсӯҳбатони мо кам нафароне буданд, ки ба хабарҳои шабакаҳои русӣ бовар накунанд.

Дмитрий Киселёв - яке аз наттоқони барномаҳои пропагандистӣ дар ТВ Русия

Дмитрий Киселёв - яке аз наттоқони барномаҳои пропагандистӣ дар ТВ Русия

Нозирони умур низ мегӯянд, Тоҷикистон бо Русия вобастагии сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамзистии беш аз 70 сола дорад ва наметавонад аз таблиғи телевизионҳои ин кишвар дар хоки худ ҷилавгирӣ кунад. Як намояндаи мардумӣ дар порлумони кишвар гуфт, дар ҳоле, ки Тоҷикистон медонад зуҳури ҳама гуна идеяҳои русгароёна дар зеҳни ҷомеа ба фоидаи манофеъи миллии ин кишвар нест, аммо намехоҳад бо пиёда кардан иқдоме Маскавро бештар аз ончӣ ҳаст, асабонӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG