Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни тоҷик: "Таҳсиламонро дар Харков идома медиҳем"


Донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Харков. Акс аз бойгонӣ.

Донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Харков. Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Академияи нақлиёти роҳи оҳани Харков таҳсил мекунанд, аз дарёфт накардани стипендияи се моҳа ва табдил шуданашон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил изҳори нигаронӣ карданд.

Бахтиёр, як донишҷӯи тоҷик, ки аз номи гурӯҳи донишҷӯёни Академияи нақлиётии роҳи оҳани шаҳри Харков бо Радиои Озодӣ муроҷиат кард, гуфт, ки ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, муддати се моҳи ахир маблағи идрорпулии донишҷуёни тоҷикро пардохт накардааст, ки донишҷуён дар шароити душворе ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи вай, ҳарчанд стипендия, ки маблағи 150 доллар барои ҳар донишҷӯ аст, ба зиндагии як моҳаи онҳо намерасад, аммо дар кишвари бегона кӯмаке барои таҳсили онҳост, ки муддати се моҳи ахир аз ин ҳам маҳруманд. Ҳамчунин ба таъкиди Бахтиёр, Роҳи Оҳани Тоҷикистон, ки масъулияти пардохти таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи нақлиётии роҳи оҳани шаҳри Харковро бар дӯш дорад, аз пардохти ин маблағи худдорӣ карда ва донишҷӯёнро ба Донишогоҳи техникии Тоҷикистон табдил карданист.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Бахтиер мегӯяд. вай барои мисол се сол боз дар ихтисосе таҳсил мекунад, ки ин гуна ихтисос дар Донишкадаи техникии Тоҷикистон нест ва ояндаи таҳсил ва тахасусаш зери суол меравад. Бахтиёр мегӯяд, се ҳафта пеш ба раёсати Академия муроҷиат карда ва номаеро ба ҷониби ширкати "роҳи Оҳан" фиристодаанд, аммо то кунун ҷавобе ба онҳо нарасидааст, ки сарнавишташон чӣ хоҳад шуд.

Ба иддаои Бахтиёр, гӯё раҳбарияти Роҳи Оҳани Тоҷикистон вазъияти ноороми Украинаро ба назар гирфта ва ба чунин иқдоме даст заданист. Ҳол он, ки Бахтиёр мегӯяд, ҳарчанд вазъ дар Луганск ва дигар минтақаҳо ноором ҳам бошад, аммо дар шаҳри Харков ором аст ва донишҷӯёни тоҷик дар канори сокинони ин шаҳр озодона зиндагӣ доранд ва ба ояндаи таҳсилашон низ хатаре таҳдид намекунад.

Дар ҳамин ҳол масъулони ширкати "Роҳи Оҳани Тоҷикистон" нигаронии донишҷӯёни тоҷики шаҳри Харков дар заминаи муддати се моҳ боз дастрас накардани стипендии моҳонаро тасдиқ карданд.

Исмоил Исмоилов, сардори шӯъбаи равобити берунии ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат се моҳ боз стипендияи донишҷӯёни Академияи нақлиётии роҳи оҳани шаҳри Харков ба сабаби вазъи молияии корхона пардохт нашудааст, аммо дар ояндаи наздик ин мушкили ҷавонони тоҷик ҳал хоҳад шуд.

Ҳамзамон ҷаноби Исмоилов гуфт, ки воқеан ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар пайи дархости иддае аз волидайни донишҷӯён тасмими дорад, ки онҳоро ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдил диҳад. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Исмоилов, падару модарони бархе аз ин донишҷуён аз вазъи ноором дар Украина нигаронӣ карда ва хоҳиш намуданд, ки фарзандонашонро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Ба ин далел ин масъули Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ки дар асоси шартнома бо ин ҷавонон онҳо ба тахассусҳои муносиби худ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, то таҳсилашонро дар Ватан бо хотири осуда ва дар вазъи ором идома диҳанд.

Аммо аз сӯҳбати донишҷӯёни тоҷики шаҳри Харков бармеояд, ки онҳо алоқаманди идомаи таҳсил дар Украина ҳастанд, то соҳибтахассус шуда ва баъдан ба Тоҷикистон баргарданд.

Ба иттилои ин донишҷӯён, дар Академияи нақлиётии шаҳри Харкови Украина 76 нафар таҳсил мекарданд, ки ҳамакнун 51 нафар боқӣ мондаанд. Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар асоси қарордоди ҳамкорӣ бо ин Академия донишҷӯёнро барои таҳсил мефиристад ва маблағи таҳсили онҳоро низ пардохт мекунад.

Аммо ба назар мерасад, ки дар пайи тағйироти кадрии ахир, ба хусус барканории Амонуллои Ҳукуматулло аз мақоми раиси ин ширкат, корхона ба бӯҳрони молӣ гирифтор шудааст ва ин ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Харкови Украина низ асар гузоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG