Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиров: Эрон пахши барномаҳои телевизиони муштаракро намехоҳад


Маҳмадсаид Пиров
Маҳмадсаид Пиров

Ҷумҳурии Исломии Эрон пахши барномаҳои телевизиони муштараки се кишвари форсизабонро дар қаламрави кишвараш иҷоза намедиҳад. Дар ин бора Маҳмадсаид Пиров, раиси Кумитаи радио ва телевизион 15 июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Пиров гуфт, мушкилоте, ки чандин сол боз Тоҷикистону Эрон ва Афғонистонро аз роҳандозии телевизиони муштараки форсӣ боздоштааст, ба ҷониби Тоҷикистон рабт надорад. Ба гуфтаи Маҳмадсаид Пиров, бар асоси шартномаи миёни се кишвар, ҷониби Тоҷикистон муваззаф шуд, ки макони баргузории барномаҳои телевизионро таъмин кунад.

"Мо бахше аз бинои телевизиони "Баҳористон"-ро барои ин телевизион ҷудо кардем, ки бо гузашти ин ҳама солҳо акнун дар ин бино ҳам ҷо танг шудааст. Ҷониби Эрон, ки бояд таҷҳизоти фанниро фароҳам меовард ва ҷониби Афғонистон ҳам мутахассисонро, ин кор мутаассифона иҷро нашудааст," - афзуд ӯ.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, "зоҳиран Ҷумҳурии Исломии Эрон намехоҳад, ки барномаҳои ин телевизион дар дохили кишвараш пахш шаванд."

Масъулони Кумитаи радио ва телевизион мегӯянд, таҷҳизотеро, ки ҷониби Эрон вориди Душанбе кардааст, то ҳанӯз аз расмиёти гумрукӣ нагузаштааст. "Гузашта аз ин, имрӯз формати нави таҷҳизоти телевизионии HD баромадааст ва формати он таҷҳизоте, ки Эрон ворид карда буд, аллакай кӯҳна шудааст," - гуфт Пиров.

раҳбарияти Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон
раҳбарияти Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон

Маҳмадсаид Пиров ҳамчунин гуфт, ба дарозо кашида шудани кори таъсиси телевизиони муштарак ҳеҷ далели сиёсӣ надорад: "Мо то ҳол мунтазирем, ки ҷониби Эрону Афғонистон ба вазоифи худ амал кунанд." Ба таъкиди раиси кумита, дар сурати иҷро шудани қарордоди таъсиси телевизиони муштарак аз ҷониби Эрону Афғонистон, телевизион ба кори худ оғоз хоҳад бахшид.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон далоили сиёсии ба дарозо кашидани таъсиси телевизиони муштаракро рад мекунанд, вале бисёре аз коршиносон аз ҳамон аввали имзо шудани тарҳ ба амалишавии он шак доштанд. Зеро таҳлилгарон маҳз сиёсатҳои ба ҳам номувофиқ ва ё гуногуни се кишвари форсизабонро монеъи фаъол шудани телевизиони муштарак медонанд.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари масоили Ховари Миёна мегӯяд, тарҳи таъсиси ин телевизиони муштарак миёни се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар зоти худ як ормони бисёр неке буд, аммо вақте ин тарҳ бояд дар амал татбиқ мешуд, маълум гашт, ки низомҳои сиёсии ба ҳам мухолифи се кишвари форсизабон, барои пиёда шудани он мушкилсоз шуданд.

Ҷаноби Саъдӣ гуфт: ”Шумо бубинед, ки Тоҷикистон низоми дунявиро дорад ва Эрону Афғонистон ду кишваре ҳастанд, ки бо низоми динӣ ҳукумат доранд. Ва табиист, ки инҷо арзишҳо фарқ мекунанд. Агар ба фаъолияти телевизионҳо назар кунед, дар телевизиони Тоҷикистон хонумҳо бо мӯи урён зоҳир мешаванд, чизе ки дар телевизионҳои расмии Эрону Афғонистон дида намешавад. Ҳамчунон барномаҳои тафреҳии Тоҷикистон нисбат ба Афғонистону Эрон аз озодиҳои бештаре бархӯрдор ҳастанд, дар масъалаи рақсу мусиқӣ ва ғайра. Вале ин озодиҳо дар телевизионҳои ҷумҳуриҳои исломӣ нест».

Саъдӣ Юсуфӣ.
Саъдӣ Юсуфӣ.

Саъдии Юсуфӣ афзуд, ҳоло ки равобити Тоҷикистону Эрон нисбат ба солҳои пеш иваз шуда ва мисли гузашта хуб нест, ба гумон аст, ки мушкили таъсиси телевизиони муштарак миёни се кишвари форсизабон дар ояндаи наздик ҳал шавад.

Созиш бар сари барномаи таъсиси телевизиони муштараки форсӣ ҳанӯз дар соли 2006 дар мулоқоти раҳбарони се кишвари форсизабон – Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон ҳосил шуда буд. Қарор шуд, ки маркази фаъолияти ин телевизион дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон таъсис шавад.

Эрону Афғонистон бояд таҷҳизоти фанниро омода мекарданд ва Тоҷикистон бинову дигар расмиётро фароҳам месохт. Бар пояи ҳамин қарордод, Эрон ба маблағи беш аз 1 миллион евро таҷҳизоти телевизионро ба Душанбе овард ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои ин таҷҳизот 400 ҳазор евро молиёт талаб кард. Тақозои гумрук бархеро ба ин андеша овард, ки Тоҷикистон ба ташкили ин телевизиони муштарак майл надорад.

Коршиносон давоми ин 10 соли охир мегуфтанд, ки сабаби асосии "бебунёд" будани андешаи таъсиси телевизиони муштараки форсизабон дар мухталиф будани сиёсати давлатҳои Тоҷикистону Афғонистону Эрон аст, ки бахусус дар масоили сиёсати байналмилалӣ ва равобит бо ҷаҳони беруна дидгоҳи ҳамсон надоранд.

Илова ба ин, талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои ҳифзи сохтори дунявии ин кишвар, барномаҳои ҷилавгирӣ аз мазҳабишавии ҷомеа ва мубориза бо таъсири фарҳангҳои бегона, роҳандонии телевизиони муштаракро бо ду кишвари исломӣ зери суол бурдааст.

Аз ин хотир, аз назари коршиносон, танҳо муштаракоти фарҳангиву забонӣ ва таърихӣ барои зарурати роҳандозии чунин як телевизион кифоят намекунад.

XS
SM
MD
LG