Пайвандҳои дастрасӣ

Роғун. "Сад задани сӯзангару як задани оҳангар"


Нурмуҳаммад Холназаров (аз рост) дар нишасти Душанбе

Нурмуҳаммад Холназаров (аз рост) дар нишасти Душанбе

Дар ин авохир таронаҳо дар мавзӯи Роғун, ҳарчӣ камтар ба гӯш мерасанд ва мақомоти тоҷик бештар аз бартарии нерӯгоҳҳои хурд ҳарф мезананд.

Нурмуҳаммад Холназаров, масъули Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, бо зиёд кардани нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ метавон сокинони рустонишини кишварро, ки 73 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд, қисман ё пурра бо барқ таъмин кард. Тоҷикистон бояд аз энергетикаи хурд ба таври густарда истифода кунад, мегӯяд ӯ ва меафзояд: "Бунёди ин нерoгоҳҳо дар деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ хеле зарур аст. Чун дар ин минтақаҳо интиқоли қувваи барқ аз шабакаҳои барқии марказӣ ва хизматрасонии онҳо дар зимистон ниҳоят мушкил аст. Сохтмони ин нерӯгоҳҳо ягон зарар ба муҳити зист надорад», - мегӯяд Нурмуҳаммад Холназаров.

Ҷаноби Холназаров, ки рӯзи чаҳоршанбеи 27 феврал дар нишасти САҲА ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии нерӯгоҳҳои кӯчаки Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон 300 нерӯгоҳи барқи обии хурд дорад, вале нисфи ин нерӯгоҳҳо бо сабаби камбуди об ва номувофиқ интихоб шудани маҳалли сохтмон, амалан нафъе намеоранд.

Дар зимн, аксари нерӯгоҳҳои хурд, бо тантана ва дар ҷамъи мардуми деҳ аз сӯйи мақомоти масъули давлат ифтитоҳ шудаанд, вале пас аз як муддати кӯтоҳ, мардум боз ба ҳамон хонаҳои сард ва шамъу чароғ баргаштанд.


Дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе лоиҳаи Консепсияи ҷалби сармоягузорӣ ба энергетикаи хурд, ки ахиран аз ҷониби ҳукумати кишвар қабул шуд, муаррифӣ гардид. Лоиҳаи мазкур барои онҳое, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои хурд бунёд кунанд, имконоти густарда пешкаш мекунад. Тибқи барномаи давлатии сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, то соли 2020 бояд дар Тоҷикистон 189 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори тавлидотии 650 миллион киловатт-соат барқ ба истифода дода шавад.

Аммо мутахассисон мегӯянд, 100 нерӯгоҳи хурд наметавонанд иқтидори як агрегати нерӯгоҳи бузурги Роғунро дошта бошанд ва танҳо Роғун метавонад Тоҷикистонро аз вартаи бебарқӣ раҳо созад. Даъват ба бунёди нерӯгоҳҳои худ ин нигарониҳоро ба бор овардааст, ки дар ниҳояти амр ин тарҳи миллӣ дар паси шиорҳои "ҳама ба пеш, ба сӯи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд", нопадид мешавад.

Зоҳиран ба назар мерасад, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд Тоҷикистонро мутақоид созанд, ки бунёди силсила-нерӯгоҳҳои хурд аз тарҳи Роғун беҳтару бедарди сар аст. Дар он сурат рақобат бо Ӯзбакистон низ рафъ хоҳад шуд ва ин кишвару созмонҳо дигар байни интихоби душвори ҳимоят ё радди тарҳи Роғун қарор нахоҳанд гирифт. Ин эҳтимол низ дар миён аст, ки шояд бо бунёди теъдоди зиёди нерӯгоҳҳои хурд Тоҷикистон бо барқ таъмин гардад ва худ аз баҳри Роғун бигзарад. Ба вижа, ки ташхиси тарҳи Роғун аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ба дарозо мекашад ва кори асосӣ дар сохтмони он низ қатъ шудааст.

Аммо Баҳром Сироҷов, раиси собиқи ширкати “Барқи тоҷик” ва академики Академияи ҷаҳонии муҳандисӣ мегӯяд, таваҷҷӯҳ ба нерӯгоҳҳои хурд сад задани сӯзангару як задани оҳангарро мемонад. «Мо агар роҳи сохтмони нерӯгоҳҳои хурдро пеш гирем, дар ду дунё аз мушкили барқ берун намеоем. Бубинед, 10 соли пеш ҳам Тоҷикистон камбуди 3 миллиард киловатт-соат барқ дошт, имрӯз ки 300 нерӯгоҳи хурд сохтем, боз ҳам ҳамин миқдор барқ ба кишвар намерасад. Роғун бояд аз авлавиятҳои давлат бошад, оҳиста-оҳиста агрегат ба агрегат ба истифода дода шавад. Нерӯгоҳҳои хурд дар зимистон ба мушкили беобӣ дучор мешаванду аз фаъолият мемонанд. Аммо бо ба кор даровардани обанборҳои бузурги мисли Роғуну Норак мо метавонем дар зимистон бемушкил барқ истеҳсол кунем», - мегӯяд ҷаноби Сироҷов.

Қурбонҷон Кабудов, роҳбари маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар назди Пажӯҳишгоҳи физикотехникӣ мегӯяд, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар манотиқи дурдаст зарур аст, аммо ин нерӯгоҳҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд алтернативаи Роғун бошанд. Нерӯгоҳҳои хурд, ба назари ӯ, танҳо тарҳҳои иҷтимоиянд, аммо Роғуну Норак аҳамияти бузурги иқтисодиву сиёсӣ доранд.

Ба ақидаи ҷаноби Кабудов, ҳоло Тоҷикистон аз ин хотир ба нерӯгоҳҳои хурд рӯ овардааст, ки ҷалби сармоя ва дарёфти маблағ дар ин самт осонтар аст ва созмонҳои зиёди байналмилалӣ омодаанд, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум сармоягузорӣ кунанд. Аммо барои сохтмони иншооти бузурге мисли Роғун ҳалли ихтилофот ва сармояҳои бузург зарур аст.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки дар як сол тавони истеҳсоли 13,3 миллиард киловатт-соат қувваи барқ дошта, метавонад бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ бошад, дар сурати бунёд шуданаш Тоҷикистонро ба кишвари истеҳсолкунандаи барқ табдил хоҳад шуд. Аммо ин тарҳ ҳоло дар мухолифтаҳои байни кишварҳои болооб ва кишвари поёноб - Ӯзбакистон дар мондааст, ки тарҳҳои бузурги мисли бунёди Роғун ва тарҳи нерӯгоҳи Қамбаротаи Қирғизистонро барои соҳаи кишварзии худ хатарзо мешуморад.

Ҳоло бубинем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавзӯи нерӯгоҳҳои хурду бузург чӣ назар доранд?


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG