Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш тоҷикистонӣ аз Сурия ба Маскав расиданд


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро низ аз манотиқи ҷангзадаи Сурия ба Маскав интиқол дод.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29-уми май ба "Озодӣ" гуфт, дирӯз наздики соати 24 -и шаб тайёраи МСЧ 130 нафар шаҳрвандони Русия, давлатҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ, аз ҷумла 6 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Сурия берун оварда, ба Москва расонданд.

Инхо ҳамагӣ аъзои як оила: Тӯйчӣ Раҳимов ва ҳамсараш Гулхумор Маҳмарасулова ҳамроҳи чор нафар фарзандони ноболиғашон: Фотима, Абубакр, Умар, Усмон - сокини деҳаи Дегаии ноҳияи Нуробод мебошанд. Ба гуфти Туйчӣ Раҳимов, ӯ аз рӯи ихтисос хуқуқшинос мебошад ва се соли охир ҳамроҳи хонаводааш дар Димишқ -- пойтахти Сурия кору зиндагӣ мекардааст.

Кормандони Сафорати Тоҷикистон ин 6 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Сурия ба Маскав расонданд, дар фурудгохи байналмилалии Домодедовои шаҳри Маскав пешвоз гирифтанд.

Ба таври таъҷилӣ кӯчондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия дар натиҷаи ҳамоҳангии сафорат ва мақомоти Русия ба вуқӯъ пайваста ва кормандони сафорат бо дастури сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба фурудгоҳ рафтаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо мадади кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба меҳмонсарои "Тоҷикистон" дар маркази Маскав интиқол ёфта, қарор аст, сафорат дар масъалаи таҳияи ҳуҷҷати онҳо кӯмак кунад.

Ба сурати умум ҳавопаймои махсуси Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Латакия - шаҳре дар соҳили баҳри Миёназамини Сурия 130 шахрванди Русия ва дигар давлатҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъро берун хоҳад овард.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба мақомоти давлатии Русия, бахусус Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар барои ин амали башардӯстона изҳори сипос кардааст.

Дар гузашта Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар як саф бо атбои Русия ва кишварҳои дигар, шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Яман, Миср ва Либия низ ба манотиқи амн интиқол дода буд.
XS
SM
MD
LG