Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз куҷо мешӣ?" -- "Аз Тоҷикистон!"


Пурсиши “аз куҷо мешавӣ”-ро зиёиёни тоҷик “суоли миллаткуш” ва аломати маҳалгароӣ номидаанд, ки яке аз омилҳои ҷанги дохилии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон шумурда мешавад.

Суоли “Аз куҷо мешавӣ?” на ба ҳама писанд аст. Зиёиёни тоҷик онро нафратангез мехонанд, чунки ба ақидаи онҳо суоли аз куҷо мешавӣ, аломати зуҳуроти бади маҳалгароист ва маҳалгароӣ як сабаби ҷанги Тоҷикистон буд, ки даҳҳо ҳазор нафарро кушт, садҳо ҳазор нафарро бехонумон кард ва Тоҷикистонро аз пешрафт боздошту даҳсолаҳо ба ақиб андохт.

Лоиқ Шералӣ, шоири маъруфи тоҷик, “Аз куҷо мешавӣ”-ро дар як шеъри худ “Суоли миллаткуш” номидааст. Баъзе аз раҳгузарон дар Душанбе айни назарро доранд ва мегӯянд, суоли "аз куҷо мешавӣ?" воқеан аломати маҳалгароист, зеро пурсанда пеш аз он ки ҳарфи дилашро занад, аввал мехоҳад, бидонад, ки ҳамсӯҳбаташ аз куҷои Тоҷикистон аст. Вобаста ба ин мумкин аст, мӯҳтавои гуфтори ӯ дигар шавад.

Аммо ба ақидаи иддаи дигар, мардуми тамоми дунё зодгоҳи инсони ноошноро мепурсанд ва ин пурсиш ҳеч пайванде ба маҳалгароӣ надорад, балки барои ҳамсӯҳбат ошкор мекунад, ки шахс аз кадом мавзеъ ё маҳал аст. Устод Садриддин Айнӣ аз ҳамсӯҳбатонаш ин суолро мекард ва дар идома таассуроти худро аз он мавзеъ, агар сафаре карда бошад, ё зодагони он маҳал, ки барояшон муошират кардааст, намуна меовард. Гоҳе низ мепурсид, аз кадом авлод ва агар медонист, шаҷараи он шахсро барояш ҳикоят мекард. Зоҳиран, ин суол барои наздиктар шудан бо ҳамсӯҳбат истифода мешуд.

Аз ин лиҳоз шояд бештар ба он бастагӣ дорад, ки ҳадафи аслӣ аз ин пурсиш чист ва ҳам чӣ касе ин суолро мекунад. Вале бо вуҷуди ин мусоҳибони мо мегӯянд, пурсидани зодгоҳу шимоливу ҷанубӣ ва ё суғдиву бадахшониву хатлонӣ будани инсон муҳим нест ва беҳтар аст, агар тоҷикон зиёд ба куҷоӣ будани ҳамдигар таваҷӯҳ накунанд. Он гоҳ шояд ҷавоби аксарият ҳамсон хоҳад буд: "Аз Тоҷикистон, аз Тоҷикистон..."

Барои озмоиш дар остонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва имзои созишномаи сулҳи байни тоҷикон Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, ки оё назарашон ба пурсиши “Аз куҷо мешавӣ?” чист?

Аз куҷо мешавӣ? Аз Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

XS
SM
MD
LG