Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба сохтмони пул дар ноҳияи Лайлак мухолиф аст


Яке аз мавзеъҳои баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Яке аз мавзеъҳои баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки Қирғизистон метавонад баъзе порчаҳои заминро моли худ эълон кунад.

Ин нуктаро Ғиёсиддин Эҳсонов, намояндаи Тоҷикистон дар вилояти Ботканд рӯзи Душанбе ба радиои Озодӣ баён дошт. Ӯ гуфт, дар ҳоле, ки аломатгузории хатти марзи муштаракаи Тоҷикистону Қирғизистон ба поён нарасидааст, сохтмони пул метавонад дар ташхиси марз печидагиҳоро ба миён биёрад.

Ба қавли ҷаноби Эҳсонов мавзее, ки дар он қирғизҳо мехоҳанд пули мошингузар бунёд кунанд, ба қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон тааллуқ дорад ва агар ин пул сохта шавад дар оянда қирғизҳо метавонанд даъво кунанд, ки ин замин моли онҳост. Илова ба ин, гуфт, ҷаноби Эҳсонов, пул дар фарози наҳри Хоҷабоқирғон сохта мешавад ки аз Тоҷикистон саргаҳ мегирад ва се ноҳияи Тоҷикистонро бо об таъмин мекунад.

Ғиёсиддин Эҳсонов намояндаи Тоҷикистон дар вилояти Ботканд мегӯяд, ки бо назардошти ин Кумиссияи Тоҷикистон оид ба ташхиси хатти марз ба бунёди пул дар ин мавзеъ мухолифат мекунад. "Роҳи мошингард ҳоло вуҷуд дорад ва сокинони мавзеъҳои атроф аз ин тариқ озодона равуо доранд", - гуфт ҷаноби Эҳсонов.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Мидин Холов намоядаи ҳукумати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо гурӯҳи хабарнигорон аз мавзеъи бунёди пули оянда воқеъ дар миёни рустоҳои Интернатсионал-Мақсад дидан кард ва хабарнигоронро бо ҷараёни сохтмони роҳу кӯпрукҳо ошно намуд.

Ӯ дар ҳузури хабарнигорон таъкид кард, ки Тоҷикистон ба бунёди пул бар фарози канали Хоҷабоқирғон розӣ нест. Ӯ ҳамзамон ёдовар шуд, ки ҳоло ҳудуди 20 ҳектор замин дар миёни ноҳияи Лаклак ва се ноҳияи Тоҷикистон ҳамчунон баҳсбарангез боқӣ мондаанд.

Ба қавли намояндаи ҳукумати минтақаи Лаклаки вилояти Ботканд дар ҳоли ҳозир Қирғизистон барнома дорад, ки бо бунёди ду пул, яке бо дарози 22 метр ва дигаре 48 метр, равуо миёни рустҳои худро наздиктар созад.
XS
SM
MD
LG