Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Тоҷикистон созишномаи свопро имзо мекунанд


Бонки миллии Тоҷикистон ба имзои созишномаи мавсум ба "своп" бо Бонки мардумии Чин омодагӣ мебинад.

Бонки миллии Тоҷикистон қарор аст 2 сентябр созишномаи мавсум ба "Своп"-ро бо Бонки мардумии Чин ба имзо расонад. Ба иттилои масъулини Бонки миллии Тоҷикистон, 2 сентябр ҳайати баландпояе аз Бонки мардумии Чин бо роҳбари раиси он Жоу Сиаочуан имрӯз вориди Тоҷкистон шудааст ва қарор аст, фардо, панҷшанбе созишномаи своп миёни ин бонк ва Бонки миллии Тоҷикистон ба имзо расад. Ба иттилои Бонки миллӣ, имрӯз масъулини Бонки мардумии Чин ва Бонки миллии Тоҷикистон механизми ба роҳ мондани амалиёти своп - яъне табдил додани як асъор ба асъори дигарро баррасӣ мекунанд. Бонки миллии Тоҷикистон ният дорад дар доираи ин созишнома аз Бонки мардумии Чин дар ҳаҷми 500 миллион доллар маблағ ба иқтисоди кишвар юан – пули миллии Чинро ворид кунад.

Дар сурати имзо шудани ин созишнома соҳибкорони тоҷик, имкон пайдо мекунанд, ки пули миллии Тоҷикистон - сомониро бо юан табдил карда аз Чин мол ворид кунанд. Дар ин сурат Бонки миллӣ бо як иқдом якбора ду мушкили умдаи иқтисоди кишварро ҳал мекунад: аз як сӯ соҳибкорон ҳангоми хариди мол аз Чин ба доллар ниёз нахоҳанд дошт, ки кори онҳоро осон мекунад. Аз дигар ҷониб, кам шудани талабот ба доллари амрикоӣ қурби онро метавонад дар бозори арзи дохилии кившар коҳиш диҳад.

Ин дар ҳолест, ки қурби доллари амрикоӣ ҳамоно боло меравад ва рӯзи 2 сентябр дар бозори «сиёҳ» ба 6,7-6,8 сомонӣ баробар шуд. Коршиносон мегӯянд, ки назорати қурби доллар аз имконоти Бонки миллӣ берун аст. Своп як навъ додугирифти асъорӣ миёни бонкҳо барои муддати муайян аст, ки дар аксарияти маврид байни бонкҳои марказии ду кившар ҷиҳати кам кардани тағйирот дар қурби асъор рӯи даст гирифта мешавад. Гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин имрӯз дар Душанбе бо раҳбарони бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон низ мулоқот ва бо фаъолияти ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон низ аз наздик ошно мешаванд.

"Своп"-и сомонӣ ва юан чӣ маънӣ дорад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

XS
SM
MD
LG