Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садҳо Абубакру Ёсину Румайсо ва чанде Артуру Руслану Жасмин


Аҳмаду Оиша ва Муҳаммад соли 2006 ба дунё омадаанд.

Аҳмаду Оиша ва Муҳаммад соли 2006 ба дунё омадаанд.

Муди номгузории навзодон дар Тоҷикистон баёнгари он аст, ки хориҷиён номҳои тоҷикиро меписанданд, аммо тоҷикон баръакс, номҳои хориҷӣ, аз ҷумла арабиро.

Сафири Бритониё дар Душанбе шояд аз теъдоди ками онҳое бошад, ки ба фарзанди худ номи асили форсӣ ё тоҷикӣ гузоштааст. Робин Орд-Смит тобистони соли 2014 ба писараш Манучеҳр ном гузошт, номе, ки худи тоҷикон дар соле, ки ба поён мерасад, камтар гузоштаанд ва ба номҳои арабӣ бартарӣ додаанд.

Соли 2014, номҳои арабӣ ва ё ба қавли мардумӣ «номҳои китобӣ», ҷойи номҳои асили форсӣ ва қабл аз даврони исломро дар Тоҷикистон боз ҳам тангтар кардаанд. Дигар ин номҳо дар маҳдудаи хонаводаи зиёиёни тоҷик мондааст. Номҳои Манижаву Рустаму Ҷамшеду Анушервон, ки замоне дар ҳар хона як нафари онҳоро медидед, кам шудааст ва мардум бештар ба фарзандони худ номҳои пайғамбарону уламои дини исломро гузоштаанд. Тамоюли арабӣ шудани номи навзодон дар бисёре аз гӯшаҳои Тоҷикистон, сар аз Дарвоз то ба Ҳисору Душанбеву Хатлон ба мушоҳида расидааст. Тоҷиддин Акобиров, котиби ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, аст, ки як кори асосиаш додани шаҳодатномаи таваллуд ба навзодон аст.

Ӯ мегӯяд: «Дар соли 2014, ба аксари писарбачаҳое, ки таваллуд шудаанд, Абубакр, Ёсин, Муҳаммад, ном гузоштаанд. Дар қаламрави ҷамоати мо аксари писарбачаҳое, ки ба дунё омадаанд, ҳамин номҳоро гирифтаанд. Абубакр пайи ҳам рафт, Муҳаммад, Ёсин ва ҳамин тавр рафта истодааст.»

На танҳо дар Дарвоз, балки дар дигар гӯшаҳои Тоҷикистон айни вазъро мебинед, дар Ҳисор ҳам Муҳаммад дар ҷойи аввал аст ва номи ёронашу пайғамбарони дигари ислом баъди ӯ. Дар ин қисмати кишвар номҳои нодири арабӣ ба мисли Судайс (Абдураҳмон Судайс, имоми феълии масҷиди Макка) ҳам ривоҷ ёфтааст, ки то ду сол пеш дар ноҳия вуҷуд надошт. Нисо Холдорбекова, раиси идораи сабти асноди шаҳрвандии ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд бисёре аз мардум ба фарзандонашон номҳои суннатӣ мегузоранд, аммо боз ҳам номҳои исломӣ зиёдтар аст:

«Асли номҳои қадимаро мемонанд, бисёртар Муҳаммад мемонанд, баъд ҳоло номҳои муд шуда, Ясмина, Сумайя, Румайсо, Ҳумайро, Тайиба, Асмоа мемонанд.»

Марям яке дигар аз номҳои дигари духтаронаи арабӣ аст, ки ҷойи Манижа, Шаҳлову Бунафшаро дар Тоҷикистон гирифтааст. Дар Душанбе ҳам вазъ ҳамингуна аст ва масалан дар ноҳияи Шоҳмансур, ки соли равон дар он бештар аз 3 ҳазор кӯдак ба дунё омадааст. Сайфулло Қурбонов, як масъули идораи сабти асноди шаҳрвандии ноҳия дар ин бора мегӯяд: «Бештар номҳои китобӣ мемонанд, Бибифотима, Бибиосия, Осиябону, дигар номҳо дар ёдам нест, вале аксарашон мехоҳанд, номи китобӣ монанд.”

Айни номҳои духтаронаро дар шимоли кишвар ва дар вилояти Суғд низ дида шудааст ва дар маркази маъмурии ин вилоят шаҳри Хуҷанд, ҳанӯз ҳам таъсири филми “Ҳазрати Юсуф” нарафтааст, ки дар инҷо дар миёни бештар аз 5 ҳазор кӯдаке, соли 2014 ба қайд гирифта шуданд, теъдоди Юсуфҳо зиёд шудааст. Шаҳло Дадобоева, мутахассиси шӯъбаи таваллуд дар идораи сабти асноди шаҳрвандии Хуҷанд: “Дар соли 2014, Яъқуб, Довуд, Муҳаммад зиёд мемонданд. Юсуф ду соли охир зиёд буд, Абдулло ҳам ҳаст ва аз номи духтарон Сумайя, Оиша, Робия дида мешавад. Дар байни духтарон Марям ҳам зиёд шудааст. “

Ба гуфтаи Шаҳло Дадобоева, қаҳрамонҳои достони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки чанд соли аввали истиқлол дар кишвар маҳбубтарин ном барои навзодон буданд, дар соли 2014 боз ҳам камтар шудаанд: “Сӯҳробу Рустам камтар шуда истодааст. Аз сабаби онки дар Интернет ҳама номҳои форсиву арабӣ онҷо маънидод карда шудааст, барои ҳамин маънии номҳоро дар Интернет мебинанду мемонанд.”

Соли 2014 Фараҳноз, Бузургмеҳр, Анушервон, Бежану Томирис аз муд рафт, ҳарчанд аксаран дӯстдорони адабиёту фарҳанг ҳамин номҳоро барои фарзандони худ интихоб кардаанд. Ба гуфтаи Тоҷиддин Акобиров, дар ҷамоати онҳо дар ду соли ахир “ягон Манижа ба қайд гирифта нашудааст.” Аммо дар Бадахшон имсол ҳам вазъ дигар будааст ва номҳои арабӣ ба онҷо камтар роҳ ёфтаанд. Моҳира Наврӯзшоева, хабарнигор дар шаҳри Хоруғ мегӯяд, дар ин гӯшаи кишвар вазъ дигар аст, тамоюли номгузорӣ баръакс аст. “Солҳои пеш номҳои қадимаро истифода мебурданд, ба мисли Шодмонбек, Қимматбегим, Давлатбегим ном мегузоштанд, вале бо мурури замон, солҳои ахир бо афзоиши муҳоҷират он номҳо мақомашонро гум кардаанд ва бештар русӣ номгузорӣ мекунанд, ба мисли Артуру Руслан Жасмин.”

Дар миёни номҳои писарон, исми Руслан соли 2014 дар Бадахшон муд будааст. Дар ин сол маҳз ба шарофати муҳоҷират ва бо орзуи гирифтани шаҳрвандии Русия, баъзе аз волидон ҳамчунон ба часпонидани суффиксҳои русии “ов” ва “ев” бартарӣ додаанд, вале ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ шумораи онҳо зиёд нест ва мардум дигар номҳои бепасванди русиро интихоб кардаанд, бепасванд ва бештар арабиро ва на форсиро ҳарчанд худро меросбари фарҳанги бузурги форсҳо меноманд ва бо он мефахранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG