Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургдошти "Рӯзи раҳоии Ленинград" дар Душанбе


Имрӯз, душанбеи 27-уми январ ба муносибати "Рӯзи раҳоии комили шаҳри Ленинград аз муҳосираи неруҳои фашизми нозӣ маросими гиромидошт баргузор гардид.

Ин маросим ба ибтикори Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия ва бо ҳузури масъулони ин марказ, Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон ва пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи таҳқиқотии "АвруОсиё" ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои Душанбе сурат гирифт.

Дар оғози маҳфил, ҳозирон бо дақиқаи хомушӣ, хотираи қурбониёни блокада ё муҳосираи шаҳри Ленинградро гиромӣ доштанд.

Раҳмат Қудратов, раиси шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз муҳосираи неруҳои шӯравӣ дар шаҳри Ленинград, "900 рӯзи муҳосираро аз сахттарин рӯзҳо барои мардум вабахусус, Артиши Шӯравӣ" унвон кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Қудратов, "ҳарчанд хеле сахту душвор ва вазнин буд, аммо аз муҳосираи бесобиқа мардуми шӯравӣ бо сарбаландӣ баромад."

Ҳатто ба таъкиди раиси шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон, дар ин муҳосираи дарозмуддат, чандин тан аз афсарону сарбозон, унвони Қаҳрамони Шӯравиро соҳиб шуданд, ки миёни онҳо ҷанговароне аз Тоҷикистон низ буданд.

Ба ин далел Раҳмат Қудратов мегӯяд, "муҳосираи Ленинград собит кард, ки ҳамеша неруи некӣ аз болои бадӣ пирӯз хоҳад шуд."

Зимнан, дар чорчуби бузургдошти "Рӯзи раҳоии комили шаҳри Ленинград аз муҳосира" дар Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия дар шаҳри Душанбе, намоишгоҳи акс доир шуд.

Ҳамчунин ширкатдорони ин маросим филми Сергей Лознитси "Блокада Ленинграда" ё "Муҳосираи Ленинград" -ро тамошо карданд, ки ҳам ин филм ва намоишгоҳи акс аз рӯзҳои душвори замони муҳосираи шаҳри Ленинград қисса мекунанд.

Муҳосираи Ленинград
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00
XS
SM
MD
LG