Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Русия барои берун овардани тоҷикон аз Яман (ВИДЕО)


Тоҷикони муқими Яман мегӯянд, номнависи онҳо дар ин кишвари арабӣ шурӯъ шудааст. Зоҳиран мақомот мехоҳанд, теъдоди тоҷикони Яманро дақиқ карда, барои берун овардан чора андешанд.

Мақомоти Русия барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман изҳори омодагӣ кардаанд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 28 март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчӣ зудтар ба ҷои амнтар кӯчондани шаҳрвандони кишвар дар Яман ва бозпас овардани онҳо ба ватан, сафорат низ тамоми роҳҳои ҳалли ин масъаларо баррасӣ кардааст.

Ба қавли ӯ, ҳоло ба раҳбарии Ашраф Гулов, консули сафорати Тоҷикистон дар Русия ва домоди раисиҷумҳур Раҳмон, ситод ташкил шудааст. "Дар ин бора муроҷиатнома ва феҳристи тоҷикони Яман ба вазорати умури хориҷӣ фиристода шуд. Дар чунин масоил миёни кишвари мо ва Русия ҳамкории хуб ва якдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад. Мо

Ашраф Гулов

Ашраф Гулов

хуб дар ёд дорем, ки дар оғози амалиёти низомӣ дар Сурия низ вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия шаҳрвандонамонро аз он ҷо берун оварда буд,"-гуфт Эгамзод.

Қарор аст, ин масъаларо Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, низ рӯзи душанбе дар ҷараёни дидори вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ дар миён гузорад.

Сафорат мегӯяд, бисёре аз тоҷикон тавассути ширкатҳои русӣ ба Яман рафта, дар он ҷо машғули кору зиндагӣ буданд. Бинобар ин, аз ҳамаи ҳамватанон хоста шуд, агар дар бораи ҳузури ягон хешу табори худ ваё тоҷикони дигар дар Яман иттилое доранд, бо ситоди сафорат дар миён гузоранд.

Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02.

Факс: +7 (495) 691-89-98,

Е-mail: info@tajembassy.ru

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман субҳи 28 январ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки номнависи онҳо дар ин кишвраи арабӣ шурӯъ шудааст.​ ​Шаҳноза, як пизишки тоҷик, ки ҳамроҳи хоҳару ду духтарчааш дар Санъо дар як маркази хусусии тиббӣ кор мекунад, гуфт, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Қатар дар тамос шуда, ному насабашонро сабт кардаанд.

Шаҳноза аз нахустин табибони тоҷик дар Яман буд, ки аз вазъи бади шаҳрвандони Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвари арабӣ баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш алайҳи шӯришиёни шиаи ҳусӣ ба расонаҳо хабар дод. Ӯ мегӯяд, ҳатто шӯхиомез барояш гуфтаанд, вақте ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба Яман расид, пеш аз ҳама ӯро берун хоҳанд овард. ​"Аз сафорати Русия низ гуфтанд, то 30 март - 1 апрел интизор мешаванд, агар ягон чиз нашавад, баъд чораи дигар мебинанд,"-афзуд ӯ.

ВИДЕО: Чаро Саудӣ Яманро бомбаборон кард?

Ҳамин тавр, тоҷикони муқими Яман мегӯянд, бозгашт ба ватанро интизорӣ мекашанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дастур дод, то роҳи бозгашти тоҷикони муқими Яман ба кишвар фароҳам оварда шавад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ҳоло ҳамаи намояндагиҳои Тоҷикистон дар кишвраҳои арабӣ дастбакор шудаанд/

Манучеҳр Абдуев, тоҷике, ки аз як ширкати Русия дар Яман намояндагӣ мекунад, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз атрофи Санъо, пойтахти Яман садои тир ба гӯш мерасад, аммо дохили пойтахт ҳоло ором аст. Ширкате, ки Абдуев аз он намояндагӣ мекунад, пизишкони тоҷикро ба Яман мебарад.

Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари шиаҳои ҳусӣ дар Яман ҳангоми баромадаш дар як телевизиони маҳаллӣ

Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари шиаҳои ҳусӣ дар Яман ҳангоми баромадаш дар як телевизиони маҳаллӣ

Абдуев гуфт, ҳоло бо ҳама пизишкони тоҷик ва дигар шаҳрвандони муқими ин кишвар дар тамос буда, аз ҳолашон пайваста бохабар ҳастанд ва барои дақиқ кардани теъдоди умумии тоҷикон дар ин кишвар талош доранд. Ба гуфтаи ин тоҷики муқими Яман, гаштугузор дар Санъо маҳдуд аст ва шабона комилан иҷозаи ба берун рафтан нест.

Ӯ гуфт: "Интизори бозгашт ҳастем. Рӯзона садои тир кам ба гӯш мерасад, вале шаб садо зиёд аст. Мо ҳоламон хуб аст ва бо намояндагони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва намояндагони сафорат дар Дубай ва Қатар дар тамос ҳастем. Гуфтанд, ки шароити бозгашт фароҳам карда мешавад ва мо интизори лаҳзаи бозгашт ба ватан ҳастем. Чун ба назар мерасад, ки вазъият хеле хатарнок аст."

Ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш рӯзи панҷшанбеи 26 март нерӯҳои чирикии қабилаи шиаҳои ҳусиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Матбуоти Саудӣ навиштанд, ин кишвар зидди шӯришиёни шиаи ҳусӣ 100 ҳавопаймои ҷангӣ, 150 ҳазор сарбоз ва нерӯҳои дарёии худро сафарбар кардааст.

Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар сӯҳбати телефонияш бо Малик Салмон -- подшоҳи Арабистони Саудӣ гуфтааст, Вашингтон омодаи пуштибонӣ аз амалиёти низомии ин кившар алайҳи шӯришиёни шиаи ҳусӣ дар Яман аст.

Се рӯз баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ дар Яман як мақоми низомии Саудӣ гуфта, ки эътилоф ба раҳбарии ин кишвар контрол ё назорати комили осмони Яманро ба даст гирифтааст. Арабистони Саудӣ мегӯяд, ин кишвар ва муттаҳидонаш феълан барномае барои амалиёти заминӣ дар Яман надоранд. Аммо онҳо мегӯянд, агар ниёз бошад, нерӯҳои заминӣ ва кишварҳои дӯсту бародарашон омодаанд ба ҳаргуна таҳоҷуме посух диҳанд.

Ҳусиҳо, ки таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд, тайи моҳҳои охир қисматҳои бузурге аз Яман, бо шумули пойтахташ, Санъоро тасарруф карда, раиси ин ҷумҳурӣ Мансур Ҳодиро маҷбур ба тарки пойтахт карданд. Эрон хостори қатъи зуди амалиётҳо дар Яман шуда, гуфтааст, барои таҳти назорат гирифтани бӯҳрони ин кишвар тамоми талошҳои лозимро хоҳад кард.

Алиакбар Вилоятӣ, мушовири Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфта буд, Эрон аз муборизаи ҳусиҳо дар Яман ҳимоят мекунад ва ибрози умедворӣ карда буд, Ансоруллоҳи Яман (номи дигари ҷунбиши ҳусиёни Яман) нақшеро, ки Ҳизбуллоҳ дар Дубнон дорад, ифо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG