Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳашт шаҳрвандони Тоҷикистон аз Непал ба Русия интиқол меёбанд


Ҳашт тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумули ду кӯдак тавассути ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия имрӯз аз Непал ба Маскав интиқол дода мешавад.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, имрӯз ҳашт тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки миёни онҳо ду кӯдак низ мебошад, тавассути ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия ба Маскав интиқол меёбанд. Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, хатсайри вижа баъд аз соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи Домодедово фуруд хоҳад омад.

Ба гуфтаи манбаъ, кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар Русия барои истиқболи ин ҳашт шаҳрванди кишвар ба фурудгоҳ хоҳанд рафт ва дар анҷоми расмиёт ба онҳо кӯмак хоҳанд расонд. Ин афрод бегоҳи имрӯз ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд ва сафорат омодагӣ кардааст, ки дар ин робита ба онҳо мусоидат хоҳад кард.

Расонаҳои русӣ субҳи имрӯз иттилоъ доданд, ки ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия 128 тан аз атбои 7 кишварро аз Непал берун меоранд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Ба навиштаи хабаргузории русии “Интерфакс”, ду ҳавопаймои навъи “ИЛ -76”-и Кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия рӯзи чаҳоршанбе 128 нафар аз шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Латвия, Украина ва Исроилро аз Непал берун меоранд.

Ин ҳавопаймҳо аз Русия ба Непал кӯмакҳои башарӣ ва ҳамчунин ҳудуди 100 табиб ва мутахассиси русро интиқол додаанд, то дар амалиёти наҷоти курбониёни заминларзаи вайронгари рӯзи 25 апрел ширкат кунанд.

Сафорати Тоҷикистон дар ҳоле аз интиқоли 8 шаҳрванди Тоҷикистон аз Непал иттилоъ медиҳад, ки мақомоти Душанбе қаблан гуфта буданд, ки бар асоси иттилои онҳо, 18 шаҳрванди кишвар дар Непал қарор доранд. Дар пайи ин заминларза беш аз 5 ҳазор кас ҷон бохтаанд.

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Непал рӯзи 28 апрел гуфтанд, ҳоло дар интизори берун рафтан аз ин кишваранд, ки рӯзи шанбеи 25 апрел шоҳиди заминларзаи шадид буд. Ҷӯрахон Маматов, ки дар созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Непал кор мекунад, 28 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар ҳоли ҳозир дар Катмандуянд ва берун аз хонаҳо, дар хайма ба сар мебаранд. "Имрӯз бо Маркази фарҳангии Русия дар тамос будем ва онҳо моро ба рӯйхат гирифтанд. Мунтазири занги онҳо ҳастем, ки барои берун бурданамон чӣ мегӯянд,"--афзуд ӯ.

Мирзошариф Ҷалолов -- сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон рӯзи 28 апрел гуфт, бар асоси иттилои онҳо 17 шаҳрванди кишвар дар Непал буда, то кунун кадоме аз онҳо берун нарафтаанд. Ӯ афзуд, ҳарчанд дар бораи ҳузури ин теъдод аз тоҷикон хабар доранд, аммо ба қавли ӯ, "на бо ҳамаашон тамос ҳаст. Чунки дар Непал мушкили барқу иртибот доранд."

Аммо хабаргузории ТАСС теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Непалро 18 нафар гуфтааст.

​Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шоми 27 апрел дар робита ба вазъи шаҳрвандони кишвар дар Непал баёнияи расмӣ нашр кард ва аз онҳо хост, эҳтиёткор бошанд. Вазорат гуфт, ҳоло сафоратҳои Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Русия барои таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои зарурӣ меандешанд ва бо онҳо дар тамосанд.

Ба қавли масъулони ин ниҳод, "ҳамаи чорабиниҳои зарурӣ ва имконоти мавҷударо доир ба берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаи офатзада меандешем. Ҳамчунин масъалаи мусоидат намудан дар баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия муҳокима мегардад."

​Теъдоди қурбониёни заминларзаи қавӣ дар Непал аз 4000 нафар гузаштааст ва айни замон муассисаҳои хайрия ба амалиёти васеъмиқёси имдодӣ дар ин кишвар омода мешаванд. Пулиси Непал 27 апрел дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, дар натиҷаи заминларза 3904 нафар ҷон додаанд ва 7180 каси дигар захм бардоштаанд. Заминларзаи 7.8 дараҷаии рӯзи 25 апрел бадтарин заминларзаи 80 соли ахир дар Непал будааст.

Ба гуфтаи мақомот, мумкин аст, теъдоди қурбониёни заминларза бештар бошад, зеро гузоришҳо аз манотиқи дурдаст ҳанӯз нарасидааст. Элизабет Бурс, сухангӯи Барномаи озуқаи Созмони Милал дар шаҳри Женева гуфт, амалиёти азиме барои кумак ба Непал оғоз мешавад.

XS
SM
MD
LG