Пайвандҳои дастрасӣ

Табибони Ростов: Шаҳрвандони Тоҷикистон бемории дарунрав доштаанд


Ташхиси бактериологӣ вуҷуди бемории ваборо дар организми мусофирони ҳавопаймои Хуҷанд-Ростов рад кард.

Ба иттилои сомонаи вазорати беҳдошти минтақаи Ростови лаби Дон, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дирӯз бо гумони гирифторӣ ба бемории вабо ба бемористони шаҳрии №1-и ин минтақа дастрас гардиданд, мубталои бемории дарунравӣ будаанд. Айни ҳол, ба гуфти манбаъ, танҳо се нафар зери табобат қарор доранд. Мусофирони дигари ҳавопаймо, ки дар беморхона қарор доштанд, мураххасӣ шуданд ва ҳамакнун дар фурудгоҳ интизори парвоз ба шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ҳастанд.


Дар ҳамин ҳол, масъулини консулгарии Тоҷикистон дар Маскав рӯзи ҷумъа, 1 март дар сӯҳбат бо раҳбарияти ширкати ҳавоии “Дон Авиа” эҳтимоли гирифтории ду мусофири тоҷикро ба бемории вабо баррасӣ карданд. Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ хабар дод. Ба иттилои ӯ, Андрей Касилник, раҳбари намояндагии ширкати “Дон Авиа” дар ҷануби Русия гуфтааст, ки ташхиси пешакӣ вуҷуди вируси ваборо дар ҷисми шаҳрвандони Тоҷикистон инкор кард ва ҳеҷ ташвише дар ин замина буда наметавонад.


Соате пеш аз ин дар як изҳороти вазорати беҳдошти минтақаи Ростови лаби Дон низ ин хабар таъйид шуд ва таъкид шуд, ки ташхиси “экспресс” ё билофосилаи тиббӣ вуҷуди нишонаҳои бемории хатарноки гузарандаро дар организми мусофироне, ки ба Русия парвоз кардаанд, рад кардааст. Мусофирон ва ҳайати халабонҳои ҳавопаймои ширкати “Дон Авиа” рӯзи панҷшанбе, 28 феврал ба ҳангоми парвоз аз шаҳри Хуҷанд аз ҷониби масъулини фурудгоҳи Ростови лаби Дон боздошт шуданд. Ин 150 мусофир, ба қавли вазорати беҳдошти ин вилоят, бо эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ба беморхона интиқол ёфта, мавриди ташхис қарор дода шуданд. Дар ниҳоят, масъулини вазорати беҳдошт дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, ки ду нафар аз 150 мусофир бо нишонаҳои олудагӣ ба вабо ташхис хоҳанд шуд, ки як шабонарӯзро талаб мекунад.



Вазорати беҳдошти Ростови лаби Дон гуфт, ки бори охир дар қаламрави ин минтақа нишонаҳои олудагӣ ба бемории вабо соли 1995 ошкор шудааст.
Бино ба гузоришҳо, дар Тоҷикистон дар соли 1993 хуруҷи вабо дар 10 ноҳияи кишвар мушоҳида шуд ва дар маҷмӯъ 175 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Аммо солҳои ахир гирифторӣ ба ин бемории хатарнок, ки сарчашмааш оби олуда аст, сабт нашудааст. Дар вилояти Ростови лаби Дон дар Русия бори ахир соли 1995 гирифторӣ ба бемории вабо сабт шудааст. Вабо бемории хатарноки сироятист, ки сабаби дарунрав, қай ва хушкшавии оби бадан мешавад ва дар сурати таъхир дар табобат инсонро мекушад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG