Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикон аз Самарқанд бе ҷоиза бармегарданд


Дар ду сол як бор майдони маъруфи Регистони Самарқанд мизбони озмуни мусиқии "Таронаҳои Шарқ" мешавад

Дар ду сол як бор майдони маъруфи Регистони Самарқанд мизбони озмуни мусиқии "Таронаҳои Шарқ" мешавад

Дар Узбакистон озмуни мусиқии "Таронаҳои Шарқ" натиҷагирӣ шуд, ки бар асоси он ҳунармандони тоҷик натавонистанд ҳеч мақомеро ба даст оранд.

Дар Узбакистон озмуни мусиқии "Таронаҳои Шарқ" натиҷагирӣ шуд, ки бар асоси он, ҳунармандони тоҷик натавонистанд ҳеч мақомро ба даст оранд. Ин натиҷагирӣ шаби 30 август дар майдони Регистони Самарқанд гузашт. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ташкилкунандагони ин озмун дар шаҳри Тошканд хабар доданд, ки шоҳҷоиза ё гран-при насиби дастаи мусиқии занони Чин - Jangsu Women's Orchestra шуд.

Масъулони озмун мегӯянд, ҳунарнамоии ин даста "пурра ҷавобгӯи меъёрҳои озмун – мутобиқати комил ба ҳунари мусиқии миллӣ" будааст. Ҷои аввали озмун ба Ҷопон (гурӯҳи "Shamisen"), ҷои дуюм - насиби ду кишвар - Эстония (Сепп Силвер) ва Лаҳистон (гурӯҳи Chelm) шуд. Ҷои сеюмро намояндагони Коста-Рика ва гурӯҳи Quelite ба даст оварданд.

Дар бахши ҷоизаҳои вижа гурӯҳи "Айкулаш" аз Қароқалпоқистони Узбакистон ба мукофоти ЮНЕСКО мушарраф шудааст. Ба қавли яке аз масъулони баргузории озмуни "Таронаҳои Шарқ", гурӯҳи ҳунарие, ки

Ситораи Кароматулло

Ситораи Кароматулло

аз Тоҷикистон омада буд – Ситораи Кароматулло ва ансамбли "Шашмақом"-сароён дар ҳайати маҳдуд иштирок карданд, вале натавонистанд ҷоизае ба даст оваранд.

Дар баробари Ситораи Кароматулло дар ҷашнвораи мусиқии шаҳри Самарқанд Парвин Юсуфӣ, Луҳира Мӯъминова, Тоҷибек Раҳимов ва Фурқати Саид низ иштирок карданд. Дар даври имсолаи озмун имсол намояндагони 66 кишвар иштирок карданд. Бахши ҷамъбастии озмун дишаб дар саҳни мадрасаи Тиллокории Регистон баргузор шуд. Ҷашнвораи мусиқии байналмилалии "Таронаҳои Шарқ" шурӯъ аз соли 1997 дар ду сол як бор бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Узбакистон ва, инчунин, ширкати мусиқии "Узбекнаво" ташкил мешавад.

Соли 2009 дар ин озмун Озода Ашӯрова барандаи ҷои дувум ва Олим Бобоев дар соли 1999 соҳиби ҷои сеюми озмун шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG