Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Сарбозони "Восток" ва "Запад" ба Сурия интиқол ёфтанд


Дастаи омехтаи сарбозони гурӯҳи вежаи "Восток" ва Запад"-и Русия ба Сурия интиқол ёфтанд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба манбаҳои худ гузориш додааст.

Ба маълумоти ин нашрия гурӯҳи вежа вазифаи пулиси низомиро дар мантиқи таҳти назорати нерӯҳои Башор Асад иҷро мекунад ва муҳофизати пойгоҳи ҳавоии Хмеймимро бар дӯш мегирад.

Нашрияи "Известия" низ бо такя ба манбаҳои худ гуфтааст, ки ин гурӯҳ то охири моҳи декабр дар макони масъулияташ ҷойгир мешавад. Нашрия гуфтааст, ки гурӯҳи махсуси "Восток" ва "Запад" аз замони таъсиси онҳо дар соли 2003, асосан аз ҳисоби низомиёни Чеченистон таъсис ётааст ва онҳоро "нерӯҳои вежаи чечен" низ ном мебаранд.

Рӯзи сешанбе тарҳи "Кавказ.Реалии" навори худсохтеро нашр кард, ки дар он сарбозони гурӯҳи "Восток" ва "Запад" барои сафар аз пойгоҳи Русия дар Ханкал омода мешуданд.

Тасдиқи расмии интиқоли гурӯҳи омехтаи сарбозон ба Сурия то ҳол дастрас нашудааст.

XS
SM
MD
LG