Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Малайзия ва Кореяи Шимолӣ дар пайи куштори Ким Чен Нам


Кореяи Шмолӣ - Кореягиҳо хабари суиқасд ба ҷони бародари ҳамхуни раҳбари Кореяи Шимолиро дар телевизион тамошо мекунанд. 15 феврали соли 2017.
Кореяи Шмолӣ - Кореягиҳо хабари суиқасд ба ҷони бародари ҳамхуни раҳбари Кореяи Шимолиро дар телевизион тамошо мекунанд. 15 феврали соли 2017.

Куштори Ким Чен Нам, бародари президенти Кореяи Шимолӣ дар фурудгоҳи Малайзия миёни Пхенян ва Куала-Лумпур баҳси дипломатиеро ба вуҷуд овард.

Малайзия 20 феврал сафири худро аз Пхенян бозхонда, сафири Кореяи Шимолиро дар Куала-Лумпур барои шарҳи изҳороташ, ки гуфт ин кишвар дар робита ба тафтиши қатли Ким Чен Нам бо "нерӯҳои берунӣ" забон як намудааст, эҳзор кард.

Малайзия ҳамчунин наворҳои сабтнамудаи дурбинҳои назоратии фурудгоҳи Куала-Лумпурро нишон додааст, ки баъди ҳамлаи 13 феврал ба Ким Чен Нам нашр шудаанд.

Гумон меравад, ду зан ба рӯи бародари президенти Кореяи Шимолӣ заҳр молидаанд, ки дар натиҷа баъди чанд соат ҷон додааст. Дар доираи тафтиши ин ҳодиса пулис чаҳор нафарро боздошт карда, кофтукоби гумонбарони дигар идома дорад.

Намояндагони Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА бар инанд, ки Ким Чен Намро гумоштаҳои хадамоти махсуси Кореяи Шимолӣ ба қатл расондаанд. Ҷониби Малайзия низ аз додани ҷасади бародари президенти Кореяи Шимолӣ худдорӣ карда, зарурати ташхисро пеш овардааст.

Натиҷаҳои аввалияи ташхис интизор меравад, 22 феврал эълон шаванд. Вазорати умури хориҷии Малайзия мегӯяд, ҷасади Ким Чен Намро ба яке аз наздиконаш хоҳанд супурд.

То ҳол расонаҳои Кореяи Шимолӣ дар ин бора иттилоъ надодаанд. Ким Чен Нам писари бузурги раҳбари пешини Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир аз ҳамсари дигараш буд, ки чанд соли охир дар хориҷа ба сар мебурд.

XS
SM
MD
LG