Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикони Маскав ва атрофи он бо баргузории як консерти мутантан дар толори киною консерти "Россия" аз Наврӯз таҷлил карданд.

Шоми 28 март бо як консерти пуршукӯҳ дар толори пуршукӯҳи кинову консерти “Русия” дар минтақаи Лужникии шаҳри Маскав тоҷикони муқими Русия расидани Наврӯз – соли нави форсиро ҷашн гирифтанд.

Консерти наврӯзии тоҷикон бо пуштибонии ҷамъияти “Помир” ба раҳбарии Алимаҳмад Боймаҳмадов ва сафорати Тоҷикистон дар Русия доир шуд. Ин ҷашни наврӯзиро гурӯҳҳои зиёди ҳунарӣ, аз ҷумла гурӯҳи “Шамс”-и Нобовар Чаноров ва Таҳмина Ниёзова аз Душанбе, гурӯҳи “Барака” аз Латвия ва Мастер Исмаил, яке аз хонандагони маъруфи рэпи тоҷикӣ, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, ҳусну шукӯҳи бештар бахшиданд. Дар чорчӯби ин гала-консерт намоишномаи кӯтоҳе дар бораи Носири Хусрав низ аз сӯи гурӯҳи ҳунарпешагони бадахшӣ намоиш дода шуд.

Ин консерт дар толори пуршукӯҳи кинову консерти “Русия” беш аз 5 соат идома ёфт ва барои бори аввал мустақиман аз тариқи сомонаҳои Озодӣ ва Ютюб дар Интернет намоиш дода шуд.

Имомуддин Сатторов(аз чап)

Имомуддин Сатторов(аз чап)

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав садҳо нафар аз ҳамватанони ҷамъшуда барои таҷлили иди Наврӯзро табрик гуфт. Ӯ дар суханони табрикотиаш аз ҷумла гууфт, баҳори нав баёнгари соли накӯе барои ҳамагон аст ва “Худо кунад, ки баҳору Наврӯз барои ҳар кадоме аз Шумо бахту саодат ва пирӯзӣ орад."

Оқои Сатторов гуфт, Русия як ҳафта боз аз Наврӯз таҷлил дорад ва тантанаҳои наврӯзӣ дар тақрибан ҳама вилоятҳои ин кишвар доир шуданд. Аммо ба гуфтаи сафир, ҷашне чунин пуршукӯҳ ва мутантан, ки дар толори “Россия” барпо шуд, бесобиқа аст.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳатто толори бузурги “Россия” бо 5000 ҷои нишаст натавонист тамоми хоҳишмандони ширкат дар ҷашни наврӯзии тоҷиконро бигунҷонад: “Толор пур шуд ва баъзе тамошобинон ҳатто дар роҳҳои байни толор ҷо шуданд ва бархе ин ҳама соатҳо рост истоданд. Консерт ҳам ба сари худ хеле дилнишин буд ва тамошобинон аз ҷойҳои худ баланд шуда, ба ҳунармандон қарсак мезаданд.”

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, нақши тоҷикони Русия дар таблиғи иди Наврӯз хеле бузург аст: “Хеле хушоянд аст, ки имрӯз дар Маскав Наврӯз аз сӯи ҳамватанони мо дар чунин сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд. Дар ин солҳо Наврӯз барои мардуми Русия ва барои сокинони Маскав як иди анъанавӣ шудааст. Ҳол онки чанд сол пеш мардуми Маскав дар бораи он чизе намедонистанд. Ва бояд таъкид кард, ки дар таблиғи ин ид дар Русия саҳми тоҷикҳо кам нест.”

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1 миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ду даҳаи охир, бино ба оморҳои дарёфтӣ, то ним миллиони дигар аз сокинони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, барои зиндагии доимӣ ба ин кишвар кӯчидаанд. Таҷлили идҳое, чун Наврӯз, ба гуфтаи соҳибназарон, барои ҳифзи ин лашкари бузурги тоҷикони Русия дар муҳити фарҳангии тоҷикӣ нақши муҳим дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG