Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ин матлабро барои гӯшаи "Блогистон"-и Озодӣ Абдулвоҳид Борунов, магистри соли аввали бахши коргузории маъмурии Донишгоҳи Усмонияи Ҳайдарободи Ҳиндустон фиристодааст.

Шаҳри Ҳайдаробод дар аёлати Андҳра Прадиши Ҳиндустон аз бисёр ҷиҳат шабеҳи Тоҷикистон аст. Гоҳ-гоҳе аз забони сокинонаш ҳатто ҳарфҳои форсиро ҳам метавон шунид. Онҳо бо забони урду сӯҳбат мекунанд, ки вожаҳои зиёди форсӣ дорад. Донишгоҳҳои маъруфи ин аёлати Ҳинд донишҷӯёни зиёди тоҷикро ҳар сол ба худ ҷалб мекунанд.

Дар рӯзҳои аввали таҳсил шумори каме аз ҳамсабақони мо Тоҷикистонро мешинохт. Онҳо аз кишварҳои ба гуфтаи худ “истон”-ҳо Афғонистону Покистон ва гоҳо бо талаффузи ғалат исми Қазоқистонро медонистанд.

Хабари хушҳолкунанда барои мо, донишҷӯёни муқими Ҳайдаробод ин буд, ки дар арафаи Иди Наврӯз донишҷӯёни тоҷик дар сеюмин Фестивали фарҳангии донишгоҳи Усмония ширкат варзида, дар миёни намояндагони 84 миллат ҷои аввалро сазовор гардиданд.

Аз ҷониби маъмурияти Донишгоҳ ба мо ифтихорнома доданд, аммо барои мо аз ҳама муҳим мавҷи чаппакзании ширкатдорон буд. Дар ин ҷо, бо намоиши ҳанури рақсу таъомпазӣ ва либосҳои миллӣ шояд донишҷӯёни тоҷик дар захираи луғавии беш аз 500 нафар ширкатдорон як кишвари ба гуфтаи онҳо “истон” - Тоҷикистонро сабт намуданд. Пас аз анҷоми маросим ҳама бо таваҷҷӯҳ дар мавриди кишвари мо суолҳо медоданд ва ба таъриху фарҳангаш таваҷҷӯҳ мекарданд.

Наврӯзи мо дар ин гӯшаи дунё хеле ҷолиб баргузор шуд. Барои аввалин бор сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Саидбег Саидов дар ҷашни Наврӯз дар Ҳайдаробод ҳамроҳи мо буд.
Саидбег Саидов (аз рост)

Саидбег Саидов (аз рост)

Донишгоҳи Усмония яке аз донишгоҳҳои машҳуру маъруф дар дохил ва ҳориҷи Ҳинд мебошад ва аксари донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Усмония дар бахшҳои мудирият дар соҳаҳои тиҷорат, забоншиносӣ, улуми сиёсӣ, улуми компютерӣ ва ғайра таҳсил мекунанд. Зимни мулоқот бо сафир роҳбарияти донишгоҳи Усмония донишҷӯёни тоҷикро аз лиҳози таҳсил, интизом ва ахлоқу рафтор тавсиф намуда, онҳоро мояи ифтихор барои донишгоҳ номиданд.

Ҷаноби сафир табъи баланди шоирӣ доштааст ва ин шеъри бахшида ба Наврӯзаш дар гӯшҳои ширкатдорон танин андохт:

Дил тоза бибояд кард дар мавсими наврӯзӣ,
Саҳро ҳама пургул шуд бо санъати гулдӯзӣ.

Лабханд бизан, эй дил, ҳангоми баҳор омад,
Сар кун шабу рӯзатро бо шодию беҳрӯзӣ.

Эй ҷон, ту чаро аз худ гоме назадӣ берун?
Эй дил, ту чаро имрӯз аз дард намесӯзӣ?

Айёми баҳор омад, ҳангомаи кор омад,
Ку нони ҳалоли ту? Биштоб паи рӯзӣ.

Дар мактаби фарвардин таҳсили шукуфтан бин,
То дарси сарфарозӣ аз сарв биомӯзӣ.

Меҳрат ба замин андоз, то сабз шавӣ з-оғоз,
То қалби ту во гардад, то ишқ биандӯзӣ.

Аз оташи ин гулҳо, сармо сипарӣ гардид,
Дил тоза кунед имрӯз дар мавсими пирӯзӣ
XS
SM
MD
LG