Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Берлин ахиран ҷашни Наврӯзи тоҷикон таҷлил шуд, ки ҳудудан 500 нафар, ғолибан тоҷикистониёни муқими Олмон ва Аврупоро ба ҳам овард.

Дар шаҳри Берлин ахиран ҷашни Наврӯзи тоҷикон таҷлил шуд, ки ҳудудан 500 нафар, ғолибан тоҷикистониёни муқими Олмон ва Аврупоро ба ҳам овард. Дар ин маросиме, ки бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Олмон баргузор шуд, овозхонҳои маъруф Шабнами Сураё, гурӯҳи "Шамс", шоираи ҷавон Шоираи Раҳимҷон ширкат карданд.


Маросими наврӯзӣ шоми 27 март дар толори Маркази фарҳангии Русия ташкил шуд. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба нақши муҳими ҷашни таърихии Наврӯз таъкид кард ва гуфт, ки ин ид барои сарҷамъ овардани тоҷикистониёни Аврупо, арҷгузорӣ ба расму суннатҳои мардумӣ ва ҳам муаррифии фарҳанги тоҷикон дар миёни ҷаҳониён хеле муҳим аст.


Дар миёни меҳмонони ин ҷашн шарқшиноси маъруфи олмонӣ Манфред Лоренс ҳам ширкат дошт, ки аз таҷлили Наврӯз дар миёнаҳои солҳои 1950-уми Тоҷикистон ёдоварӣ кард. Вай гуфт, дар сафарҳояш ба Тоҷикистон дар солҳои шӯравӣ шоҳиди он шудааст, ки ин ҷашни мардумӣ дар рустоҳои дури ин диёри кӯҳистон бо самимияти хос таҷлил мешуд.


  • Ва имрӯз дар Берлин ман мебинам, ки ин ҷашнро на танҳо тоҷикон, балки дигар миллатҳо ҳам таҷлил мекунанд. Наврӯз ба миллат ё дин кор надорад, ҳама хурсандӣ мекунанд ва расидани баҳорро табрик мегӯянд, ки ин хеле хурсандибахш аст, - гуфт ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ.

Дар саҳнаии ҷашнии Наврӯзи Берлин инчунин унсури ҷолибе изофа шуд, ки он маросими супурдани шаҳодатномаи ақди никоҳ ба ду ҷавони тоҷик – сокинони Қӯрғонтеппа Наргис Аҳмадова ва Умедҷон Исмоилов буд. Ин ҷавонҳо дар Олмон таҳсил ва кор мекунанд. Дар сӯҳбат бо Озодӣ Умедҷон гуфт, ки пеш аз ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон маросими арӯсии худро дар ҳалқаи оилавӣ барпо кардааст.


Соли гузашта ҷашни Наврӯзи Аврупо дар шаҳрҳои Берлин ва Прага баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG