Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили хоксоронаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе


акс аз бойгонӣ

акс аз бойгонӣ

Мардуми Тоҷикистон 24-умин солгарди истиқлоли кишварро бо баргузории намоишу барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ, бидуни тантанаҳои бошукӯҳ ва ҳамзамон орому хоксорона таҷлил мекунанд.

Имрӯз, 9 сентябр, мардуми Тоҷикистон 24-умин солгарди истиқлоли кишварро бо баргузории намоишу барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ, аммо бидуни тантанаҳои бошукӯҳ ва ҳамзамон орому хоксорона таҷлил мекунанд. Имрӯз дар Тоҷикистон таътил эълон шудааст, аммо аз субҳ дар чор канори шаҳри пойтахт чорабиниҳои ҷашнӣ, аз ҷумла барномаҳои консертӣ, намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сайру гаштҳои идона ташкил шудааст, ки садҳо сокинон дар он ширкат доранд. Маҳфилҳои идона дар боғҳои фарҳангӣ ва фароғатии “Кӯли ҷавонон”, “Дӯстии халқҳо”, майдони 800-солагии Маскав ва “Боғи устод Рӯдакӣ” ҷараён доранд.

Фазои ором ва хоксоронаи истиқлоли имсола дар он намудор аст, ки дар муқоиса ба солҳои қабл баргузории ҷаласаи ботантана бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ки одатан дар толори “Кохи Борбад” сурат мегирифт, дар назар гирифта нашуд. Тибқи иттиллои шаҳрдории Душанбе, шоми имрӯз соати 18 ба вақти маҳаллӣ дар майдони назди “Наврӯзгоҳ” бо ширкати ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон, консерти идона дар назар аст. Бархе аз нозирони умур фазои ором ва хоксорона таҷлил шудани ҷашни истиқлол дар пойтахти Тоҷикистонро ба таҳаввулоти ахири марбут ба амалиёти сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ дар дараи Ромит рабт медиҳанд. Ин амалиёт аз таърихи 4 сентябр шурӯъ шуда ва то кунун 50 тан аз ҳамроҳони генерал Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалимро боздошт ва 18 тани дигарро безарар гардонидаанд.

Мақомот низ мегӯянд, амалиёти сохторҳои қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон дар дараи Ромит идома дорад, вале аз маҳалли будубоши феълии Назарзода хабаре нест. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр эълон кард, ки алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдулло Умаров бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст. Алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини барканоршудаи вазири дифоъ ва полковник Ҷунайдулоҳ Умаров (Эшони Ҷунайдуллоҳ) барои ташкили гурӯҳи террористӣ ва хиёнат бо моддаҳои 305 - “хиёнат ба ватан”, 307 (2) - “ташкили иттиҳоди экстремистӣ”, 309 - “тахрибкорӣ” ва 179 - “терроризм”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр тасдиқ кард, ки Ҷунайдулло Умаров, полковники вазорати дифоъ низ бо Абдуҳалим Назарзода дар ташкили ҳамлаи рӯзи 4 сентябр даст дошта, ҳамроҳи ӯ ба дараи Ромит фирор кардааст. Номи ин полковники Вазорати дифоъ субҳи чоруми сентябр ва баъд аз чанд лаҳзаи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат ба расонаҳо роҳ ёфт ва яке аз ҳамлаварон муаррифӣ шуд. Баъзе аз расонаҳо гуфтанд, ки ӯ чанд рӯз қабл аз кораш дар Вазорати дифоъ ронда шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ин ҳамлаҳо интиқоми ӯст. Аммо баъдан масъулони Вазорати дифоъ ин иттилоъро носаҳҳеҳ хонда ва гуфтанд, ки полковник Умаров аз вазифааш ронда нашудааст ва ба эҳтимоли зиёд гаравгони ин гурӯҳ шуда бошад.

Ҳоло ҳам масъулони Додситонии кулл ва ҳам Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ низ дар ташкили ҳодисаҳои 4 сентябр дар баробари Назарзода даст доштааст. Дар ин ҳамлаҳо 9 корманди вазорати умури дохилӣ кушта шуданд. Бар тибқи иттилои ахир, дар амалиёти зидди афроди генерал Назарзода дар Ромит, ки аз рӯзи 4 сентябр ба ин тараф ҷараён дорад, 18 нафар кушта ва 60 нафар боздошт шудаанд. Амалиёт идома дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG