Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе барои шаҳрвандони худ дар Сурия аз Маскав кӯмак хост


Тоҷикистон барои берун кардани шаҳрвандони худ аз Сурия ба мақомоти Русия муроҷиат кардааст.

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав, аз Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия хостааст, ки барои берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Сурия кӯмак кунад. Суҳбати Достиев бо Лавров дар доираи мулоқоти сафирони кишварҳои ИДМ бо вазири корҳои хориҷии Русия рӯзе пеш сурат гирифтааст. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Достиев аз Вазири корҳои хориҷии Русия хоҳиш кард, ки ба тоҷикистониёни муқими Сурия, дар ҳолати муроҷиати онҳо ба намояндагиҳои дипломатии Русия дар он кишвар, кӯмак намояд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳам мақомоти тоҷик барои берун кардани шаҳрвандонашон аз минтақаҳои низоъ дар Миср ва Либия ба Русия муроҷиат карда буданд.

Ба иттилои мақомоти Русия имрӯз ду ҳавопаймо ба Бейрут фиристода мешаванд, то аз он ҷо ҳудуди 100 шаҳрванди Русияро ба ватан интиқол диҳанд. Аз моҳи марти соли 2011, яъне аз замоне, ки дар Сурия нооромиҳо оғоз ёфт, Русия муттаҳиди калидии Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия буд.

СММ тахмин мезанад, ки аз оғози нооромиҳо то ҳол дар Сурия беш аз 60 000 нафар кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG