Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикон ба хотири хонаву дари худ қирғиз мешаванд


Сокинони манотиқи наздимарзӣ

Сокинони манотиқи наздимарзӣ

Раисҷумҳури Қирғизистон бо имзои як қарор ахиран 447 қирғизи Ҷиргатол, Мурғоб ва шимоли Тоҷикистонро шаҳрванди кишвараш кард. Дар байни онҳо тоҷикон низ ҳастанд.

Дар минтақаҳои бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарзи шимоли Тоҷикистон даҳҳо тоҷик мақоми шаҳвандии Қирғизистонро доранд. Бештари онҳо табааи худро дар тӯли беш аз 20 соли охир иваз кардаанд. Муҳаррам Ҷӯраева, муовини раиси ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки наздик ба 50 нафар аз ин ҷамоати марзии Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистон шудаанд. Вай афзуд, ду хонаводаи қирғиз ҳам, ки дар ҷамоати Хистеварз зиндагӣ мекунанд, ҳанӯз аз замони шӯравӣ мақоми шаҳванди Тоҷикистонро доранд.

Дар ҷамоати Хистеварз, 20-километрии Хуҷанд қаламравҳои Тоҷикистону Қирғизистонро танҳо роҳи мошингарди Хуҷанд – Конибодом ҷудо мекунад. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, сокинони ҳар ду ҷониб дар маҳалҳои ҳамдигар, дар ду суи роҳ замину дукону мағозаҳо доранд.

Ба гуфтаи хонум Ҷӯраева, баракс дар ду даҳсолаи охир ба ҷуз чанд арӯс аз ноҳияи Лайлак дигар касе аз қирғизҳои ҳамсоя хостори дарёфти мақоми шаҳвандии Тоҷикистон нашудааст. Вале чаро бархе аз сокинони ин маҳали марзии Тоҷикистон ҳавасманданд, ки шаҳвандии худро ба қирғизӣ иваз кунанд?

Як сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Ғафуров, ки худро Мақсуд Бобоев муаррифӣ кард, мегӯяд, ҳанӯз чанд сол қабл вай ва падараш шаҳванди Қирғизистон шуданд: “Падарам чанд сол даводавӣ карда, то таги дари идораҳои зиёд рафтанд. Аз шаҳрвандии Тоҷикистон баромада, баъд мақоми шаҳвандии Қирғизистонро гирифтанд.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, онҳоро ба гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон ҳифзи як пора замин ва бизнеси хурдашон дар он суи роҳ, дар қисмати қирғизӣ водор кард. Вай меафзояд, мақомоти қирғиз то гирифтани шаҳвандии Қирғизистон барои будбоши онҳо дар қаламрави худ монеа эҷод ва онҳоро ҷарима мекарданд: “Ин гуна тоҷикони хистеварзӣ дар он тарафи роҳ, дар маҳали Аркаи ноҳияи Лайлак бисёранд, ки замину хонаву дар доранд. Фарзандони онҳо ба Хистеварз омада, дарс мехонанд. Аммо дар вақташ замину хонаву дари худро ҳуҷҷатгузорӣ накардаанд. Ҳозир барои аз даст надодани замину хонаву дари худ шаҳванди Қирғизистон шуданианд.”

Муҳаррам Ҷӯраева, муовини раиси ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ тасдиқ мекунад, ки даҳҳо сокинони собиқи Хистеварз дар қисмати Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. “Медонем, ки шаҳвандони мо ба маҳали Арка кӯчида рафтагӣ. Ва он ҷо муқимӣ шуда мондагӣ. Аммо бе шиносномаи Қирғизистон.”

Мусоҳиби авваламон мегӯяд, ин гуна тоҷикони бе мақоми шаҳвандӣ дар Қирғизистон ҳоли вазнин доранд: “Масалан, як рафиқам дар корхонаи таъмири автомобил дар Арка кор мекунад. Вай худаш аз Хистеварз ва шаҳванди Тоҷикистон. Вай ҳар 3 моҳ маблағ дода, худро дар деҳаи қирғизҳо сабти ном мекунад. Баъд талаб карданд, ки иҷозатнома барои кор дар қаламрави Қирғизистон бигирад, вагарна ҷаримаи калон мебанданд. Аммо маблағи ин ҳуҷҷат калон ва хеле душвор будааст, барои ин аз 18 идораи Бодканд коғаз гирӣ .Вай маҷбур шуд корашро партояд.”

Давлати Қирғизистон дар замони касби истиқлолияти худ, беш аз 2 даҳсолаи охир ҷиҳати ҳифз ва тавсеаи сарзамини худ ва аз байн бурдани заминаҳои низоъ дар минтақаҳои марзӣ сокинони қирғизтабор ва шаҳвандони кишварҳои ҳамсояро ба қабули шаҳвандии ин кишвар ташвиқ мекунад. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон сари роҳи бизнесу соҳибкорӣ дар минтақаҳои марзии Бодканд монеаҳои сангин гузошта шудааст.

Ва ин дар ҳолест, ки хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар қисмати аҳолинишини байни Суғду Бодканд ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили амнияти марзии Суғд мегӯяд, ин сиёсат бурди Қирғизистон аст, ки дар минтақаҳои марзии баҳснокаш бо Тоҷикистон бо 1 тир 2 нишон мезанад: ҳам дили тоҷикони назди марзиро, ки мехоҳанд дар ин кишвар зиндагӣ кунанд, бо додани мақомоти шаҳвандӣ ба онҳо ва имтиёзоти баробар бо қирғизҳо гарм мекунад, ҳам сокинони маҳалҳои қирғизнишинро дар даруни қаламрави Суғд мақоми шаҳрвандӣ медиҳад ва барои ҷузъи қаламрави худ намудан дар замони марзбандӣ ҳавасманд мекунад: “Ман гумон мекунам, агар Тоҷикистон ҳам дар бораи додани мақоми шаҳвандии худ ба сокинони марзӣ чунин қарор қабул кунад, шояд, қисме аз қирғизҳои маҳалҳои баҳснок дар қисматҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров шаҳвандии Тоҷикистонро мепазиранд ва бо замину молу мулки худашон ба як ҷузъи Тоҷикистон табдил меёбанд.”

Ҷаноби Мирсаид афзуд, мақоми шаҳвандии қирғиз дарёфт кардани тоҷикони маҳалҳои назмарзии Суғд бо Қирғизистонро ба сурати умум мусбат арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, ба ин роҳ онҳо моликияти худро ҳифз мекунанд ва имтиёзоти бо шаҳвандони ин кишвар баробар ба даст меоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG