Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Маскав дар як амалиёти вижа зиёда аз 30 экстрасенси қалбакиро боздошт кард, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам будаанд.

Як мард ва як зани миёнасоли маскавӣ дастаеро аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Арманистон таъсис додаанд, ки ба воситаи телефон зиёда аз 22 миллион доллар “кор кардаанд”. Ин пулест, ки ниёзмандони ёрии фолбину экстрасенсҳоро ба онҳо пардохтаанд.

Дар торнамои Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии шаҳри Маскав гуфта мешавад, марҳалаи омодагӣ ба ин амалиёт ним сол идома кардааст. Дар ин муддат гуфтугӯҳои телефонии аъзои гурӯҳ бо муштариён ба таври шабонарӯзӣ забт шудааст.

Полис мегӯяд, аз байни муҳоҷирон афроде барои ин даста интихоб мешуданд, ки метавонистанд, бовари дигаронро ба зуд ба вуҷуд оранд ва онҳоро идора карда тавонанд. Онҳо мушкили муштариёнро ба гунаи худ шарҳ дода, бархе аз ойинҳои дурӯғ баргузор мекарданд. Дар ҳолати зарурӣ муштариро ба муллоқот даъват мекарданд, ки нархи ин ҳама барои муштарӣ гаронтар тамом мешуд.

Ширкате, ки марди 48 ва зани 45-солаи маскавӣ роҳандозӣ кардаанд, огаҳиҳои таблиғотии худро дар шабакаҳои телевизионӣ ва интернет пахш мекард ва муштариёни зиёдеро ҷалб менамуд.

Баъд аз ҷамъоварии иттилоъ, полис ҳамзамон дар чанд минтақаи Маскав ва вилояти Маскав даст ба амал задаву 27 танро боздошт намуд. Намояндаи дафтари матбуоти полиси Маскав ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст: “Дар як рӯз наздик ба 100 нафар ба кормандони ин гурӯҳ занг мезадаанд ва ҳаҷми зарари молӣ аз рӯи ҳисоби пешакӣ беш аз 800 миллион рубли русиро ташкил додааст.”

Боздоштшудаҳо бино бар банди 159-и Қонуни ҷиноии Федерасюни Русия – қаллобии бузургҳаҷм айбдор мешаванд. Аммо рӯшан нест, ин иттиҳом танҳо нисбати ташкилкунандагони “бизнеси ҷодугарӣ”-ст ва аъзои оддии гурӯҳ, ки асосан муҳоҷирони ҷӯё кору даромаданд чӣ ҷазо хоҳанд гирифт.

Полиси Русия мегӯяд, пажӯҳиши ин парванда зери назорати шахсии сардори Раёсати умумии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Маскав Анатолий Якунин қарор дорад. Қарор шудааст, дар заминаи ширкатдорони ин амалиёт бахши махсуси мубориза бо қаллобии телефонӣ таъсис дода шавад. Полиси Маскав ҳамчунин аз шаҳрвандони Русия хостааст, агар қурбонии чунин қаллобӣ шудаанд, ба воситаи телефонҳои махсус бо полис дар тамос шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG