Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи тоҷикону қирғизҳо дар Исфара


Сокинони ноҳияи Исфара рӯзи якшанбеи 23-юми март ҷашни Наврӯзро бо ширкати меҳмонон аз вилояти Бодканди Қирғизистон таҷлил карданд.

Масъулони дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Исфара, рӯзи 24-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "бо вуҷуди резиши борон ҷашни Наврӯз бо ҳузури меҳмонон дар маркази шаҳри Исфара бо шукуҳу шаҳомат ва одоби ҳамсоядории тоҷикону қирғизҳо баргузор гардид."

Ба гуфтаи ин масъулон ҳайти меҳмонони боткандиро Оқмирзо Тағоев, муовини раиси ҳукумтаи Бодканд раҳбарӣ карда ва дар ин ҳайат масъулони ҳукумати Бодканд ва ҷамоати Самарқандак, ки бо Исфара ҳаммарз мебошанд, ширкат намуданд.

Оқмирзо Тағоев, муовини раиси ҳукумати Бодканд зимни истиқбол аз ширкат дар базми наврӯзии тоҷикон, онҳоро ба ин муносибат табрик намуда ва ба намояндагони ҳукумати Исфара туҳфаҳои наврузӣ тақдим кардааст. Дар миёни туҳфаҳои бодкандиҳо, акси бузурги гулҳои наврӯзӣ ва ҳамчунин ҷомаву миёнбандҳо будааст, ки рамзи дӯстиву бародарӣ ва ҳамсоядорӣ арзёбӣ гардидааст.

Зимнан, рӯзи 21-уми март як ҳайати тоҷикон барои ширкат дар ҷашни Наврӯз ба Бодкан рафта буданд. Ҳайати тоҷикон дар Наврӯзи ҳамсоякишвар бо худ тӯҳфаҳо ҳамчун дастовез бурда буданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи корӣ роҷеъ ба масоили марзӣ низ дар паёми табрикиаш ба муносибати таҷлил наврӯзи бостонӣ мардумро ба ҳамсоядорӣ ва дӯстию бародарӣ даъват карда, хоҳони зиндагии мусолиматомез ва бо суботу ороми тоҷикону қирғизҳо шудааст.

Дар ҳамин ҳол Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон ба расонаҳои хабарии ин кишвар, аз қавли сокинони деҳоти марзии Қирғизистон гуфтааст, онҳо мехоҳанд ба зудтарин фурсат масъалаи ташхис ва аломатгузории марз ҳалли худро пайдо кунад.

Тавре ҷаноби Мамитов зикр кардааст, мардуми деҳаи Тоштумшук бар инанд, ки қитъаи заминеро ки ҷониби Тоҷикистон талаб дорад, зуд иваз кунанд ва ба баҳси марзӣ хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG