Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафти Афғонистон бензини Тоҷикистонро 20% арзон хоҳад кард


Тоҷикистон мехоҳад, барои таъмини корхонаҳои нави коркарди нафташ аз Афғонистони ҳамсоя нафти хом ворид кунад. Гуфта мешавад, ки коркарди нафт дар дохил нархи бензину соляркаро 20 дарсад арзонтар хоҳад кард.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд аз Афғонистони ҳамсоя нафти хом ворид кунанд. Коршиносони соҳа мегӯянд, азбаски 90 дарсади захираҳои нафти Афғонистон дар манотиқи шимоли он кишвар, дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, воридоти нафт аз чунин фосилаи кӯтоҳ метавонад ба тавлиди маводи сӯхти арзонтар дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

Мақомоти Тоҷикистону Афғонистон мегӯянд, музокираҳо ҷиҳати оғози интиқоли нафти хом аз Афғонистон ба Тоҷикистон идома доранд. Ҳафизуллоҳ Ҳафиз, раҳбари дафтари матбуоти вазорати маодин ва нафти Афғонистон рӯзи 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз санади комиле дар ин замина имзо нашудааст, вале иттифоқи назари ҷонибҳо онҳоро умедвор мекунад, ки ин тарҳи ҳамкорӣ як кори, ба таъбири ӯ, “шуданӣ”-ст.

БАРҚИ ТОҶИК ВА НАФТИ АФҒОН

Як намояндаи вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон низ ба хабаргузории “Авесто” гуфтааст, Душанбе дар 3 соли оянда содироти нирӯи барқро ба Афғонистон афзоиш дода, аз он сӯи Омӯ мехоҳад дар иваз нафти хом бигирад.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир эҳтиёҷаш ба маводи сӯхти нафтиро аксаран аз ҳисоби воридот пур мекунад, вале ба фарқ аз кишварҳои дигари воридкунанда Душанбе маҳсулоти нафтиро дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензин, солярка, керосин ва амсоли ин мехарад. Харидани маҳсулоти нафтӣ дар шакли тайёр маъмулан хеле гарон тамом мешавад, чунки кишварҳои содиркунанда дар муқоиса бо нафти хом, рӯи фурӯши маҳсулоти тайёри нафтӣ боҷу хироҷ ва андозҳои хеле бештар меандозанд ва ин ҳама бо иловаи андозбандиҳо дар кишвари воридкунанда ба арзиши аслии маҳсулот зам мешаванд.

Мирзошариф Исломиддинов, мудири кулли “Сомон Ойл” рӯзи 8 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ворид кардани нафти хом ва коркарди он дар дохили кишвар метавонад, боиси хеле арзонтар шудани нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозори Тоҷикистон шавад: “Дар солҳои охир ба сохтани чанд корхонаи коркарди нафт дар дохили кишвар иқдом карданд ва бояд фикри таъмини онҳо бо ашёи хомро, ки нафти хом аст, аз ҳоло бикунанд. Ин ба фоидаи иқтисоди мост ва сабаби камаш 20 фоиз арзон шудани нархи бензину солярка хоҳад шуд.”

Ҳоло як бушка нафти навъи Brent дар бозор 63 доллар нарх дорад. Яъне як тоннаи нафти хоми тақрибан 460-470 доллар тамом мешавад. Ин дар ҳолест ки нархи умдаи як тонна бензини навъи 92-и сохти Русия дар ин шабу рӯз 34 500 рубл, ё муодили қариб 700 доллар мебошад. Яъне 50 дарсад гаронтар аз нафти хом.

Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, солона ба тақрибан ним миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, бо шумули бензин, солярка, керосин, мазут ва равғанҳои молиданӣ ва ба тақрибан 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ ниёз дорад. Аммо худи кишвар дар соли 2013, барои мисол, ҳамагӣ 3 миллиону 928 ҳазор метри мукааб газ ва 27 532 тонна нафт тавлид кардааст ва беш аз 90 дарсади маҳсулоти нафтии барояш лозимро дар шакли маҳсулоти тайёр аз хориҷ, умдатан аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад.

МАВОДИ ХОМ БАРОИ ПОЛОИШГОҲИ ДАНҒАРА

Як ҳадаф аз нақшаи воридоти нафти хом аз Афғонистон, ки Душанбеву Кобул ҳоло рӯяш кор мекунанд, таъмини фаъолияти корхонаи бузурги коркарди нафт аст. Ин корхонаро ширкати “Ҳели”-и Чин бар пояи тақрибан 460 миллион сармоя дар ноҳияи Данғара, дар 90-километрии ҷануби Душанбе сохта истодааст.

Навбати аввали ин корхона бо иқтидори коркарди 500 ҳазор тонна нафти хом ва ҳазорон тонна битум дар сол бар пояи 160 миллион доллар сармоягузории ҷониби Чин сохта мешавад ва интизор меравад, аллакай соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Бунёди навбати дувум бо 300 миллион доллар харҷи сохтмонаш иқтидори тавлидотии корхонаи коркарди нафти Данғараро ба 1,2 миллион тонна бензини навъи “Евро-3” дар сол хоҳад расонд.

Тоҷикистон табиист ки имкони таъмини фаъолияти пурраи ин корхона танҳо бо нафти хоми андакеро, ки дар конҳои худаш тавлид мешаванд, надорад ва аз ин рӯ, ҳамроҳ бо ширкати чинии сармоягузор аз ҳоло рӯи роҳҳои воридоти ҳаҷми лозими нафти хом аз кишварҳои мухталиф фикр мекунанд.

Яке аз манбаъҳои эҳтимолии таъмини корхонаи Данғара бо нафти хом аз оғоз Афғонистон ҳисоб мешуд. Хусусан баъди онки сар аз моҳи октябри соли 2012 CNPC – ширкати давлатии нафти Чин – ба истихроҷи нафт дар Афғонистон шурӯъ кард. Ин кишвар дар замони ҳукумати Муҳаммад Зоҳиршоҳ аз 3 кони гази Ҷарқудуқ, Ховаҷа ва Ятимтоқ, ҳарсе воқеъ дар атрофи Шибирғон, солона то 13,5 миллион метри мукааб газ ва аз кони нафти Ангот дар вилояти Сарипул миқдоре нафти хом тавлид мекард. Аммо аз поёни солҳои 70, ки кишвар ба гирдоби ҷангҳои хунин рафт, тавлиди газ дар Афғонистон сахт коҳиш ёфта, истихроҷи нафташ комилан қатъ шуда буд.

ЧИН ДАР ҲАРДУ ТАРАФИ МАРЗ

Ҳоло ширкати давлатии Чин аз кони нафти Ангот дар ҳавзаи Омӯ дар рӯз 700-800 бушка, муодили 100-115 тонна нафти хом истихроҷ мекунад, ки солона чизе дар ҳудуди 40 000 тоннаро ташкил медиҳад. Ин, албатта, ҳанӯз ҳатто барои таъмини ниёзҳои худи Афғонистон кофӣ нест ва Кобул эҳтиёҷоташ ба маводи сӯхтро ҳамчунон асосан аз ҳисоби воридоти он аз Русия, Узбакистон, Покистон, Туркманистон, Эрон ва ҳатто миқдоре аз ҳисоби реэкспорти бензину солярка аз Тоҷикистон бароварда месозад.

Аммо баровардҳои геологӣ ҳокии вуҷуди захираҳои бузурги нафту газ дар зери бистари хоки ин кишвар аст ва гуфта мешавад, 90 дарсади ин захираҳо дар шимоли Афғонистон ҷойгир шудаанд. Захираи нафти танҳо силсилаи конҳои ҳавзаи Oмӯ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аз 946 миллион то 1,6 миллиард бушка шумурда мешавад.Созмони геологии Амрико ҷамъи захираҳои нафти хоми Афғонистонро 1,9 миллиард бушка баровард мекунад ва ба бовари мақомоти Кобул, дар сурати ором шудани вазъ дар ин кишвар ширкатҳои нафт метавонад бо алоқаи бештаре ба риштаи нафти Афғонистон сармоягузорӣ кунанд.

CNPC барои истихроҷи нафт аз 3 чоҳ аз 11 чоҳи нафт дар ҳавзаи Омӯ бо ҳукумати Афғонистон барои 25 сол қарордод бастааст ва табиист ки ин бузургтарин ширкати нафтии Чин бо тавлиди 700 ё 800 бушка нафт қаноат нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG