Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи филмҳои хориҷӣ салоҳи кор аст?


Масъулини "Тоҷиккино" хабари манъи намоиш ва пахши сериали туркии "Ҳарими Султон"-ро дар Тоҷикистон рад карданд.

Давлати Сафар, раиси идораи "Тоҷиккино" рӯзи 28-уми август дар тамос ба Радиои Озодӣ хабари расонаҳои русӣ дар мавриди манъ шудани пахш ва фурӯши наворҳои филми таърихии "Ҳарими Султон"-ро, ки аз рӯзгори яке аз султонҳои хилофати усмонӣ ҳикоят мекунад, бепоя хонд. Раҳбари идораи "Тоҷиккино" аз ҷумла гуфт: "Ин филми туркиро ман ҳатто надидам ва ба ҳеҷ сурат дар бораи манъи он дастуре низ дода нашудааст."

Ин дар ҳолест, ки сомонаи расмии филми мазкур http://velikolepnyj.ru аз қавли Давлат Сафар навиштааст, ки "бо дар назардошти саҳнаҳои террористӣ ва ваҳшатафканӣ дар ин филм, пахши ДВД-ҳои он дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон манъ шудааст". Ин манбаъ аз қавли Давлати Сафар навишта буд, ки пахши саҳнаҳои харобкорӣ ва террористӣ барои ҷомеъа мувофиқ нестанд.

Сериали таърихии «Ҳарими Султон» ё «Великолепный век» дар бораи зиндагиномаи яке аз фармондеҳои ислоҳотхоҳ ва раҳбарони хилофати усмонии Туркия Султон Сулаймон қисса мекунад ва тақрибан дар 200 серия бештар моҷароҳои хонаводагӣ ва сиёсии ҳарами султонро инъикос мекунад. Филми муваффақи таърихӣ ин шабу рӯз на танҳо дар қаламрави Туркияву кишварҳои атроф, балки дар баъзе давлатҳои аврупоӣ, мисли Чехия ҳам намоиш дода мешавад ва ҳаводори зиёд дорад.

Ҳарчанд дар чанд дӯкони мусиқии маркази Душанбе сериали «Ҳарими султон» ва як зумра филмҳои бисёрсериагии дигар туркӣ, ки миёнаҳои соли гузашта аз сӯи идораи «Тоҷикино» мамнӯъ эълон шудаанд, ба фурӯш мерафтанд, як масъули студия «Ҳафтранг», гуфт се рӯз қабл аз «Тоҷиккино» ба онҳо занг зада ва таъкид кардаанд, ки сериалҳои туркиро аз ҷумла «Ҳарими султон»-ро дигар нашру паҳн накунанд. Вай афзуд: «Cериалҳои туркӣ аз порсол мувофиқи ҳамон фармони раиси «Тоҷиккино» манъ шуда буд. Лекин студияҳо пинҳонӣ ҳамон дискҳои дар анбор будаашонро мефурӯхтанд. Лекин ин сериали «Великолепний век» бе тарҷума дар дискҳо сабт шуда фурӯхта мешуд ва харидори зиёд дошт. Чанд рӯз пеш аз ҳамон «Тоҷиккино» занг гуфтанд, ки ин сериалро ҳам дигар чоп накунем дар дискҳо. Ҳамчунин гуфтанд, ки ин дастур бояд махфӣ боқӣ монанд ва гирди он набояд ҳангомаҳо баланд шавад, чунки имкон дорад ин ба муносибатҳои Тоҷикистону Туркия таъсисри манфӣ расонад.»

Зимнан фармони хаттии раиси идораи «Тоҷиккино» Давлат Сафар аз 11-уми майи соли 2013 дар ихтиёри «Озодӣ» қарор дорад, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Баровардани ҳамаи силсилафилмҳои туркӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад».

Ин бори аввал нест, ки идораи «Тоҷиккино» бо далелҳои начандон рӯшан аз нашр ва паҳни кинофилмҳои хориҷӣ ҷилавгирӣ мекунад. Бино бар дастури зикршуда, истеҳсол, тарҷума ва нашри силсилафилмҳои туркии «Пайраҳаи тақдир», «Хаёлҳои сабз», «Мисли Юсуф», «Ҳомиён», «Водии гургон» дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст.

Порсол ҳамчунин бо дастури «Тоҷиккино» намоиши филми мазҳакавии «Диктатор», мамнуъ шуд, ки пас аз сарнагун шудани роҳбари кишвария Ливия Муаммар Қаззофӣ офарида шуда, симои танзомези диктаторҳои шарқиро нишон медиҳад.

Сафар Ҳақдодов, раҳбари иттиҳодияи кинематографистони «Тоҷикистон» дар сӯҳбат ба РО гуфт, паёпай манӯъ кардани филмҳои хориҷӣ салоҳи кор нест ва ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ зам намекунад: «Тавре мегӯянд, меваи мамнӯъ ширин аст. Бо манъ кардани чунин филмҳо мо бизнеси сиёҳи дӯконҳои дискфурӯширо таҳрик медиҳем. Паҳн ва намоиши ин ё он филм бояд танҳо бо дастури «Тоҷиккионо» сурат нагирад. Ба ин кор бояд як комиссияи салоҳиятноки иборат аз донандагони соҳаи кино машғул бошад».

Ҷаноби Ҳақдодов афзуд, ки чун дар Тоҷикистон хеле кам филм офарида мешавад, ҷои ин халои маънавиро филмҳои истеҳсоли хориҷӣ пур кардаанд. Вай аз таҷриба Фаронса ёдовар шуд, ки ба хотири рушди кинематограф дар ин кишвар аз кинотеатрҳо талаб мекунанд, ки на камтар аз нисфи барномаашонро бояд филмҳои истеҳсоли худи Фаронса ташкил диҳанд. Русия, ба қавли Ҳақдодов, аз пахши ҳар филми хориҷӣ ба фоидаи рушди кинои миллиаш боҷ меситонад. Чунин таҷриба дар Ҷумҳурии Чех низ вуҷуд дорад.

Сериали таърихии «Ҳарими Султон» ё «Великолепный век» достони зиндагии яке аз фармондеҳони ислоҳотхоҳ ва раҳбарони хилофати усмонии Туркия Султон Сулаймон буда, моҷароҳои хонаводагӣ ва сиёсии ҳарами султонро инъикос мекунад. Филми муваффақи таърихӣ ин шабу рӯз на танҳо дар худи Туркияву кишварҳои атрофи он, балки дар баъзе давлатҳои аврупоӣ низ ҳаводори зиёд дорад.
XS
SM
MD
LG