Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус Украинаро ба таҳдиди ҳавопамои "БелАвиа" муттаҳам кард


Вазорати умури хориҷии Беларус навори гуфтугӯи танзимкунандагони парвозҳо ё диспетчерҳои украиниро дар даст дорад, ки ба ҳавопаймои "БелАвиа" таҳдид мекарданд. Бар пояи ин навор диспетчерҳо таҳдид мекарданд, ки барои боздошти ҳавопаймои "БелАвиа", ки аз Киев ба Маскав парвоз мекард, ҳавопаймои ҷангиро баланд мекунанд.

Пештар аз ин Хадамоти амнияти Беларус гуфт, ки таҳдиди боздошт ҷой надошт.

Рузи 21 октябр ҳавопаймои ширкати беларусии "БелАвиа" бо талаби танзимгарони парвозҳо ба фурудгоҳи Киев баргашт. Ба гуфтаи намояндагони ширкат онҳо маҷбур буданд ба замин нишинанд, зеро тарафи Украина таҳдид кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангиро ба осмон баланд мекунад.

Хадамоти амнияти Украина гуфт, сабабгори бозгардонидани ҳавопаймо мусофире буд, ки ба амнияти милии Украина таҳдид меард. Биноба навиштаи матбуоти Украина, сухан дар бораи фаъоли ҳаракати "Антимайдон"-и тарафдори Кремлин буд.

XS
SM
MD
LG