Пайвандҳои дастрасӣ

Мансабҳои баланди зодагони Тоҷикистон дар Русия


Александр Бекбулатов

Александр Бекбулатов

Як зодаи Тоҷикистон муовини шаҳрдор (глава)-и шаҳри Смоленски Русия таъин шудааст. Александр Бекбулатов қаблан дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун кор мекард.

Бино ба хабари нашршуда дар сомонаи расмии шаҳрдории Смоленски Русия, Александр Бекбулатов рӯзи 12 ноябр ба мақоми муовини шаҳрдор (глава)-и шаҳри Смоленск​ таъйин шуда, дар ҳукумати шаҳр масоили меъморӣ, сохтмон ва заминсозиро раҳбарӣ мекунад.

Бино ба ин манбаъ, Александр Узбекович Бекбулатов 31 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодоми вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба дунё омада, соли 1980 Донишкандаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси инженер –гидротехник хатм кардааст. Ӯ то соли 1990 дар муассисаҳои сохтмонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун ба ҳайси муҳандис кор карда, соли 1990 ба Маскав кӯчидааст.

Ӯ дар чанд ширкати сохтмонии Маскав ва муддате дар бахши сохтмони ширкати “РусАл” кор кардааст. Ӯ дар “РусАл” мудири кулли ширкати “Роғун-Сервис” буд. Бекбулатов аз соли 2012 ба сифати муовини раиси маъмурияти шаҳри Смоленск дар умури меъморӣ, сохтмон ва заминсозӣ кор мекард ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ раҳбарии раёсати ЖКХ - хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳри Смоленскро бар ӯҳда дошт.

Александр Бекбулатов зан ва ду духтар дорад.

Шаҳри Смоленск дар 400-километрии ғарби Маскав, пойтахти Русия ҷойгир шуда, 330 000 аҳолӣ дорад. Ин шаҳр барои саҳмаш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ унвони ифтихории “Шаҳри қаҳрамон”-ро дорад ва маркази маъмурӣ ва саноатии вилояти Смоленск мебошад.

Александр Бекбулатов танҳо зодаи Тоҷикистон нест, ки дар ниҳодҳои давлатии Русия ба мақомҳои баланд соҳиб шудаанд. ​

Нурмуҳаммад Холов

Нурмуҳаммад Холов

​Як намояндаи Тоҷикистон дар сутуҳи баланди давлатии Русия Нурмуҳаммад Холов, фарзанди дувуми раиси вақти раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон Маҳмадулло Холов аст, ки аз 22 ноябри соли 2013 дар симати сафири Русия дар Қатар фаъолият дорад. Нурмуҳаммад Холов хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, 62 сол дорад. Ӯ қаблан Яману Сурия, Ироқу Миср ва дар вазорати корҳои хориҷаи Русия дар мақомҳои гуногуни дипломатӣ ифои вазифа намудааст. Ин дипломати тоҷиктабор мақоми сафири фавқулоддаро дошта, аз соли 2001 то 2005 сарконсули Русия дар шаҳри Искандарияи Миср ва то лаҳзаи таъйин шуданаш ба симати сафири Русия дар Қатар, дар департаменти кор бо ҳамватанони вазорати хориҷаи Русия, фаъолият мекард.

Сим-картаи ширкати Рейман барои муҳоҷирон

Сим-картаи ширкати Рейман барои муҳоҷирон

​Ҳамин тавр, Леонид Додоҷонович Рейман, писари Додоҷон Тоҷиев, мудири кафедраи забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд) ба дунё омадааст, дар солҳои 1999 - 2004 вазири мухобироти Русия буд. Рейман феълан ширкати телефонҳои мобили «Межрегиональный транзиттелеком» (МТТ)-ро мечархонад. Ин ширкат дар фаъолиятҳояш бештар рӯи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тамаркуз кардааст ва ҳамроҳ бо ширкати тоҷикистонии “Вавилон” барои муҳоҷирон сим-картаи вижаи “Aiva Mobile”-ро таъсис додааст.

Оксана Хоронжук – вакили Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия аз вилояти Воронеж низ зодаи Душанбест. Ӯ соли 1972 дар пойтахти Тоҷикистон ба дунё омада, собиқаи кориашро соли 1989 ба ҳайси “пионервожатая” дар мактаби рақами 90 дар маҳаллаи 91-уми Душанбе оғоз кардааст. Оксана Хоронжук дар ибтидои солҳои 90 ба Русия кӯчида, соли 1995 донишгоҳи омӯзгории шаҳри Рязанро хатм кард. Дар соли 2010 вакили Думаи вилояти Вронеж интихоб шуд. Соли 2014 аз рӯйхати ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG