Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли тақвияти ҳузури Русия дар марзи Афғонистон


Посгоҳи нав дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.
Посгоҳи нав дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.

Тоҷикистон ва Русия шароити нави ҳифзи муштараки марз бо Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, бо таъйиди ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, "дарвоқеъ, гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Русия пешнависи нави қарордоди ҳамкориҳои марзиро баррасӣ доранд. Қарордоди ҳамкорӣ дар масоили марзӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҳанӯз охири моҳи октябри соли 2005, пас аз хуруҷи марзбонони рус аз Тоҷикистон таҳия ва ба тасвиб расида буд."

Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати марзбонии Тоҷикистон ҷонибҳо музокирот паси дарҳои баста сурат мегирад ва гурӯҳҳои кориро Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Анатолий Михеев, фармондеҳи гурӯҳи марзбонии федеролии Русия дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд.



Бо ишора ба ин ки музокирот ҳанӯз ба поён нарасидааст, масъулони дафтари матбуоти Раёсати марзбонӣ аз ироаи тафсилоти гуфтугӯҳои ҷонибҳо худдорӣ мекунанд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи ин раёсат гуфт, ҳамкориҳои марзбонони рус бо марзбонони тоҷик аз мавзӯи матраҳ дар пешнависи қарордоди нави ҳамкории марзӣ мебошад.

Баррасии пешнависи нави қарордоди ҳамкориҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар ҳолест, ки ахиран масъалаи бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон матраҳ аст.

Аммо Хушнуд Раҳматуллоев инро инкор кард ва гуфт, "ин ҳарфҳо ягон асос надоранд ва дар қарордоди нав низ ин масъала матраҳ нест ва ягон ҳарфе дар маврид бозгашти марзбонони рус нест."

Марзбонони рус пас аз ҳузури беш аз садсола дар марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон, соли 2005 Тоҷикистонро тарк карданд. Аммо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар масоили ҳифозати марз бо фаъолияти мушовирони рус дар посгоҳҳои марзӣ идома ёфт.

Ба ин далел, мақомот мегӯянд, наҳваи фаъолияти ин мушовирон яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар тарҳи қарордоди нави ҳамкориҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Русия хоҳад буд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо хуруҷи марзбонони Русия дар соли 2004 дидбонии пурраи марзҳоро бар дӯш гирифтанд. Аммо дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз нерӯи кофии марзбонони худ дар ҳифзи марз сухан мегӯянд, мақомоти давлативу низомии Русия борҳо эълом доштаанд, ки бо рафтани русҳо аз марзи Тоҷикистону Афғонистон қочоқи маводи мухаддир афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG