Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт арзиши пули миллӣ бояд дар нисбати асъори кишварҳое таъин шавад, ки Тоҷикистон бо онҳо ҳамкорӣ ва иштироки иқтисодӣ дорад.

Оғои Раҳимзода афзуд, вале бо ИМА мо равобити шарикии иқтисодӣ надорем. Дар ҳоле, ки арзиши пули мо нисбати доллар таъин мешавад. Вай гуфт, мо бо Аврупо шарикии бештар дорем ва пахтаву алюминии мо ба Аврупо содир мешавад. Ва барои он чунин иқдом зарур аст, ки тағйирёбии қиматҳо дар бозори кишварҳои шарики иқтисодии мо ба бозори дохилӣ таъсири билқувва мегузорад. Аммо афзоиши қиматҳо дар Амрико ба бозори мо чунин таъсире нахоҳад дошт.

Аммо ин дар ҳолест, ки ба ақидаи коршиносони мустақил, ба содагӣ гузаштан ба чунин тарзи таъини арзиши сомонӣ имкон нахоҳад дошт. Тоҳири Абдуҷаббор, устоди иқтисод дар Донишгоҳи байналмилалии Душанбе, мегуяд, бад нест агар Тоҷикистон дар муомилоти байналилалӣ низ ба ҷои доллар аз евро истифода кунад, чун евро низ пули собит аст.

Вай афзуд, аммо агар Тоҷикистон бихоҳад, дар нисбати ҳар яке аз шариконаш ин корро анҷом диҳад, яъне тайини арзиши сомонӣ нисбати воҳидии пули миллии онҳоро, кори мушкиле доҳад буд. Зеро сатҳи таваррум дар ин кишварҳо яксон нест. Аз нигоҳи дигар чунин иқдом метавонад пайомади сиёсӣ низ ба дунбол дошта бошад. Чунин иқдоме, мегуяд ӯ, барои Амроико хушоянд нахоҳад буд.

Шариф Раҳимзода ҳамчунин гуфт, ки бо вуҷуди дархости раиси ҷумҳур дар мавриди дар ҳадди 8 дарсад нигоҳ доштани мизони таваррум дар соли равон ва пешбинии вазорати рушди иқтисодӣ то 13 дарсад, ақида дорад, ки аз ин мизон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон болотар хоҳад буд. Зеро, мегуяд ӯ, қиматҳо дар бозорҳои хориҷ дар ҳоли афзоиш аст.

Оғои Раҳимзода гуфт, ки дар як моҳи пеш ба мақоми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудааст, ҳамчунин гуфт, Бонки миллӣ аз ин ба баъд аз иҷрои бархе барномаҳое назири меҳмонпазирӣ, ки ба салоҳиятҳояш дохил намешавад даст хоҳад кашид.

XS
SM
MD
LG