Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз имкони баргардонидани қарзҳои давлатӣ дар оянда изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ҳоле ки ҳар сол аз афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода мешавад, раиси маҷлис, Шукурҷон Зуҳуров, хостори шаффофият дар шеваи дархосту қабул ва масрафу бозпардохти ин қарзҳо шудааст.

Вай дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон гуфт: “Вазорати молия бояд ҳар сол 40 ё 50 миллион доллар пайдо кунад, то ин қарзҳо ба тадриҷ баргардонида шаванд. Агар мо надонем, ки ин қарз барои чист ва оянда аз сохтмони он иншоот фоидае аз он мерасад ё на, наметавонем раванди қарзгирӣ ва пардохти онро таъмин бикунем. Ин қарзҳо сол то сол зиёд шуда, барои мо мушкили ҷиддиеро пеш меоранд.”

Дар ҳоли ҳозир қарзҳои берунии Тоҷикистон ба 2 миллиард доллар расидааст, ки ба гуфтаи Сандуқи байналмилалии пул ҳудуди 40 дарсади ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти нохолиси миллиро ташкил медиҳад.

САБАБИ НИГАРОНИҲО


Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ба эътиқоди Ари Айзен, намояндаи доимии Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон, қарзҳои берунии ин кишвар дар маҷмӯъ, яъне чӣ қарзҳои давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ, то соли 2013 ба наздики 60 дарсади ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти нохолиси дохилӣ хоҳад расид, ки мояи нигаронист.

Иқтисодшинос, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ин ҳаҷми қарзи хориҷӣ барои ҷумҳурие мисли Тоҷикистон, ки истеҳсолоти воқеӣ надорад ва корхонаҳояш колоҳои рақобатпазир дар бозорҳои хориҷиро тавлид намекунад, хатарзо аст.

АСНОДИ БЕМӮҲРУ ИМЗО

Ин нигаронии раиси Маҷлиси Намояндагон ва созмонҳои байналмилаливу коршиносон дар ҳолест, ки ахиран парлумон масъалаи дархости қарзи нав аз Чинро баррасӣ кард. Қарор аст, давлати Тоҷикистон ва "Эксимбонк"-и Чин дар масъалаи сохтмони роҳи Душанбе-Қулма дар минтақаи Душанбе-Данғараро ҳамкорӣ кунанд.

Аммо асноди пешниҳодкардаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи қарзи 203 миллион доллар барои иҷрои ин тарҳ бархе аз намояндагони мардумӣ, аз ҷумла раиси парлумонро қонеъ накард.

Намояндаи мардумӣ, Исмоил Талбаков аз Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия суол кард, ки ба чӣ далел асноди имзонашудаву мӯҳрнахӯрдаро ҳамчун санади комил ва ниҳоӣ дар бораи масрафи ин қарз ба парлумон пешниҳод кардааст.

ВАЗИРИ МОЛИЯ: "Раисҷумҳур огоҳ аст"

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон
Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посух гуфт, “ин шартнома бо Бонки содиротиву воридотии Чин бо вазорати молия бо “полномочия” (ваколат)-и раисиҷумҳур имзо шудааст. Имзоҳо аз ҷониби ҳукумат пешниҳод нашуда бошад, мо тайёр ҳастем, ки нусхаҳои имзошудаи ин шартномаро пешниҳод кунем. Ин кӯтоҳии мо аст.”

Вазири молия бо ин асноди бемӯҳру беимзо дар мавриди тағйиру иловаҳо дар қарордод ва масрафи маблағҳо натавонист парлумонро мутақоид кунад, ки ин 203 миллион доллар қарз барои чӣ ва дар куҷо сарф хоҳад шуд.

Зеро ба гуфтаи бархе аз намояндагони мардумӣ, имкон дорад пас аз тасвиби ин қарордод аз сӯи парлумон дар ин асноди бемӯҳру беимзо ва ҷойҳои холӣ тағйир ворид карда, пас аз он имзову мӯҳр бизананд.

Бо вуҷуди ин, парлумон бо дар назар гирифтани қавли вазири молия, ки гӯиё раисҷумҳур аз ҷараёни ин қарордод огоҳӣ дорад, ин онро тасвиб кард. Вале раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вазири молияро ҳушдор дод, ки минбаъд дар мавзӯи қарзҳои давлатӣ бо асноди беимзову мӯҳр ба парлумон муроҷиат накунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG