Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи футболи “Хайр”-и Ваҳдат ғолиби сабқати интихобии Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар минтақаи Душанбе гардид.

"Хайр" дар бозии ниҳоӣ, ки 23-юми феврал дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов баргузор шуд, бар тими «Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Дастаи “Гвардия”-и Душанбе, ки бар “Регар-ТадАЗ-1”-и Турсунзода бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, мақоми севумро касб кард.

Ба ин тартиб дастаҳои “Хайр”, «Энергетик”, “Гвардия” ва “Регар-ТадАЗ-1” ба сабқати ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев, ки 3-юми март дар шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад, роҳ ёфтанд.

Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, бар асоси низомномаи мусобиқа дар сабқати ниҳоӣ, инчунин, ду дастаи ғолиби минтақаи Хатлон - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва ду дастаи беҳтарин аз минтақаи Суғд ширкат хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG