Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рамзия Мирзобекова: "Омодаам, посух гӯям"


Рамзия Мирзобекова, хабарнигори "Азия-Плюс"

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори "Азия-Плюс"

Муаллифи мақолаи "Тафтишот ё инквизитсия?" мегӯяд, омодааст дар ҳар додгоҳе барои навиштаи худ посух бигӯяд.

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати коҳои дохилӣ аз Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бо ироаи дархосте тақозо кардааст, ки дар парвандаи алайҳи нашрияи "Азия-Плюс" журналист Рамзия Мирзобекова ҳамҷавобгар шинохта шавад.

1 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ "ТӮҲМАТ"

Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД
Қабл аз ин, Анвар Тағоймуродов ба додгоҳ алайҳи "Азия-Плюс" шикоят бурда, гуфта буд, ки дар мақолаи "Тафтишот ё инквизитсия?", ки ин нашрия чоп кардааст, ӯ ва кормандони раёсати ӯ тавҳин ва тӯҳмат шудаанд.

Генерал Тағоймуродов хостори пардохти 1 миллион сомонӣ ҷарима аз сӯи "Азия-плюс" шудааст. Аммо акнун ӯ мегӯяд, бояд муаллифи ин мақола низ посухгӯи нашри матлаби ба гуфтаи ӯ "тӯҳматомез" бошад.

Аммо Рамзия Мирзобекова, муаллифи мақолаи "Тафтишот ё инквизитсия?" мегӯяд, омодааст дар ҳар додгоҳе барои навиштаи худ посух бигӯяд. Хонум Мирзобекова афзуд, роҷеъ ба ҳамаи он марвидҳои баҳсноки дар мақола сабтшуда асноду далел дорад ва онҳоро пешниҳод хоҳад кард.

"САНАД ДОРАМ"

Ӯ мегӯяд: "Санад дорам, нишондодҳо, суханоне, ки шоҳидон гуфтаанд, ҳаст. Ҳар далеле, ки оварда шудааст, тасдиқи онро дар даст дорам. Барои ҳамин агар ба ҷовобгарӣ ҷалб кардан хоҳанд, омодаам, ки барои мақолаи худам посух гӯям."

"Азия-Плюс" мақолаи "Тафтишот ё инкивизитсия?"-ро чоп карда буд
Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки чаро ҷониби даъвогар дар ин қазия аввал ба далели адами ҳузури муассиси нашрия хостори таъвиқи баррасӣ шуд ва ба дунболи он санади ваколати муҳаррири нашрияро зери суол бурда, мехоҳад муаллифи мақола низ дар ин парванда ҳамҷавобгар бошад?

Дар ду ҳафтаи пеш даъвогари ин қазия гуфта буд, ки бояд Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс" бояд дар догоҳ ширкат дошта бошад. Акнун Умед Бобохонв, ки дар хориҷ аз кишвар аст, ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи сардабир Марат Мамадшоевро таъйин кардааст. Вале акнун ҷониби даъвогар мегӯяд, ба дурустии санади пешниҳодшуда ба додгоҳ дар ин марвид шубҳа дорад ва бояд ташхиси коршиносӣ шавад.

АЛОВИ ЧАШМИ ЖУРНАЛИСТОНРО КӢ МЕГИРАД?

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин раванд баёнгари он аст, ки ҷониби даъвогар дар ин қазия аз ибтидо ба дурустӣ дар таҳияи даъвои худ омодагӣ надидааст ва акнун мехоҳад бо тӯл ёфтани вақт чунин шароитеро ба даст биорад.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Созмони иҷтимоии журналист, мегӯяд: "Онҳо бояд аз аввал мушаххас мекарданд, ки дар нисбат ба кӣ даъво пеш баранд. Акнун гуфтаанд, ки муаллиф бояд ҳамҷавобгар бошад. Дирӯз нисбат ба дурустии санади сардабир шубҳа доштанд. Фардо метавонад ҳамчунин даъво нисбат ба муаллиф низ пеш биояд. Бо ин роҳ мехоҳанд ноогоҳии худро аз қонун рӯпуш кунанд ва ҳадаф дидаву дониста ё огоҳу ноогоҳ тарсонидани чашми журналистон асту бас."

МИРЗОБЕКОВА ВА БАҲСҲОИ ДОДГОҲӢ

Рамзия Мирзобекова акнун худро ба посухгӯӣ ба суолҳои додгоҳ омода мекунад. Ӯ қабл аз ин ба суолҳои чанд созмону ниҳоди дигар дар ин маврид посух гуфтааст.

Иттифоқан ин чорумин мақолаи Рамзия Мирзобекова ҳаст, ки баҳси он то додгоҳ меравад. Қабл аз ин, як мурофаи дигар дар додгоҳи Фирдавсӣ, ки даъвогар аз "Азия-Плюс" 12 ҳазор cомонӣ ҷуброн хоста буд, ба нафъи ҳафтанома ва муаллиф ҳал шуда буд.

Ҳамчунин, муаллифи мақолаи "Адвокат уполномочен заявит", ки се қозии додгоҳи Тоҷикистон зимни он худро тӯҳматшуда ёфтанд ва ба додгоҳи ноҳияи Сино шикоят бурданд ва қазияи он вокунишҳои байналмилалиро дар пай доштааст, низ ба қалами хонум Мирзобекова тааллуқ дорад.

Вай, ки худ собиқаи кор дар додгоҳро низ дорад, аз соли 2002 ба ин сӯ нависандаи ҳафтаномаи «Азия плюс» аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG