Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Путин ва атрофиёнаш дармонгоҳи махсус месозанд


Клиникаи марказӣ дар Маскав
Клиникаи марказӣ дар Маскав

Барои Владимир Путин, президенти Русия ва доираи наздик ба ӯ, дар Маскав дармонгоҳи вежа месозанд.

Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод, ки бо ин тарҳ ошно шудааст ва дар пахши хабар ба манобеи беҳдоштии Русия такя мекунад. Дармонгоҳ дар бинои сеошёнаи қаламрави Бемористони марказӣ (ЦКБ) ҷойгир мешавад, ки дар замони Шӯравӣ ба раҳбарони баландпоя кӯмаки тибби мерасонд. Дармонгоҳи нав бо назардошти танҳо 10 бемор бунёд меёбад ва бо дастгоҳҳои мухобиротӣ муҷаҳҳаз мешавад, ки танҳо раиси ҷумҳур, нахуствазир ва якчанд нафари наздик ба онҳо аз ин дастгоҳҳо истифода мебаранд. Қиммати ин тарҳ 3 миллард рубл ҳисоб шудааст.

Дастгоҳи иҷроияи президент дар посухи катбӣ ба номаи хабаргузории Reuters тасдиқ кард, ки дармонҳгоҳ бунёд меёбад ва он на фақа ба доираи наздики Путин, балки ба садҳо корманди давлатӣ хизмат мерасонад.

Reuters ёдовар мешавад, ки соли гузашта дар сӯҳбат бо иштирокдорони форуми Ҷабаҳаи мардумӣ Путин эътироф кард, ки ӯ ва мақомдорони дигар дар Бемористони марказӣ табобат мегиранд. Аммо аз қавли табибони ин муассиса гуфт, ки сатҳи хадамоти тиббӣ дар он ҷавобгӯи талаботи замона нест.

XS
SM
MD
LG