Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистонро то чанд рӯзи оянда бориши барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво интизор аст ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 16 дараҷа сард мешавад.

Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ имрӯз дар Душанбе ҳарорати ҳаво каме гарм шуда, бориш намешавад. Шабона то 9 дараҷа зери сифр ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ боридани барфу борон дар назар дошта нашудааст, аммо туман фуромада дар кӯҳҳо шабона то 15 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияи Ҷиргатол, шимолу шарқии пойтахт, шабона то 18 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд имрӯз ҳарорати ҳаво боло рафта рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар вилояти Бадахшон рӯзона сард боқӣ монда, ҳарорат то зери дараҷаи 2 поин мешавад. Аммо бориши барф дар назар дошта нашудааст ва шабона ҳарорати ҳаво то зери 12 поин мешавад. Дар шарқи Бадахшон шабона 25-30 ва рӯзона то 11 дараҷа сард мешавад. Вилояти Хатлонро ҳам имрӯз ҳавои гарм интизор аст ва гармии ҳаво то 7 дараҷа, аммо шабона ҳаво сард шуда, то 7 дараҷа мерасад.

Рӯзҳои 8-ум ва 9-уми январ дар Тоҷикистон барф борида, ҳарорати ҳаво сард мешавад. Дар шабонарӯзи оянда дар Душанбе ва ноҳияҳои атрофи марказ барф меборад ва ҳарорати ҳаво поин мешавад.

Амрико сардтар мешавад

Боду ҳаво дар ҷаҳон дар ҳоли тағйирёбӣ аст. Агар дар Аргентина ва бархе кишварҳои осиёӣ мардум аз гармии шадид ранҷ баранд, дар бархе кишварҳо сардиҳои бесобиқа зиндагии мардумро баҳам задааст.

Дар аксар шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида сардии ҳаво, ки тайи чанд даҳсола бесобиқа будааст, на танҳо ба кору зиндагии мардум таъсир кард, ҳатто чанд қурбонӣ аз худ боқӣ гузошт. Тибқи охирин гузоришҳо сардии ҳаво дар ин кишвар то ба дараҷаи зери 40 расидааст.

Мақомоти Амрико ба шаҳрвандонаш тавсия додаст, ки бидуни зарурат аз хонаҳои худ берун нараванд ва эҳтимол аст аз сардӣ ба марг рубару шаванд.

Айни ҳол дар баъзе аз шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида дари муассисаҳои таълимӣ мувақатан баста шудааст. Аз рӯзи душанбе парвози беш аз 4 300 ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои ин кишвар лағв карда шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо, дар як шабонарӯзи гузашта дастикам 4 нафар аз сардӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар пайи сардии ҳаво ва тундбоди сард шаҳрдори Ню Йорк вазъи фавқуллода эълон кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG