Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хулосаи ниҳоии Роғун дар дасти Тоҷикистону БҶ аст"


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳарфи ниҳоиро дар мавриди тарҳи "Роғун" ҷониби Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ хоҳанд зад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми ноябр, дар масъалаи нерӯгоҳи "Роғун" бо ҳузури намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, сарвазири кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир намудааст.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, дар ҷаласа натиҷаҳои вохӯрии ҳайати давлатҳои наздисоҳилии дарёи Омӯ, ки 6 ва 7-уми ноябри соли 2012 дар шаҳри Алма-ато баргузор гардида буд, баррасӣ шуданд.

Президенти Тоҷикистон ҳисобот ва назари масъулини ҳукумат, Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои тадқиқкунанда ва коршиносони алоҳидаро дар мавриди тарҳи «Роғун» шунида, изҳор доштааст, ки дар асоси тадқиқоти байналмилалӣ ҳукумат дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба ин лоиҳаи муҳим хулоса мебарорад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани вохӯрии минбаъда дар мавриди Роғун, ки дар моҳи январи соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, тамоми сохторҳои масъул бояд ҳамкориро вусъат бахшида, барои таҳия ва мувофиқаи ҳисоботҳои навбатии корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳа чораҳо андешанд

Дар маҷмӯъ президенти кишвар аз раванди омӯзиши имконоти иқтисодию техникӣ ва таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун ва ҳамкориҳо дар ин самт изҳори қаноатмандӣ кардаст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG