Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳодизода: "Туркия самимӣ мебуд, Гулмурод Ҳалимовро боздошт мекард"


Ин тифл дар дохили автобусест, ки ба самти Сурия ҳаракат мекард ва аз ҷониби полиси Туркия боздошт шуд

Ин тифл дар дохили автобусест, ки ба самти Сурия ҳаракат мекард ва аз ҷониби полиси Туркия боздошт шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳуввияти афродеро, ки шаҳрвандони ин кишвар хонда мешаванд ва дар роҳ ба Сурия дар ҳудуди Туркия боздошт шудаанд, дақиқ мекунад.

Абдулфайз Атоӣ, сардори Депатаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар ин робита расман ба мақомоти Туркия дархост фиристодаанд ва ҳоло интизори посухи Анкара ҳастанд.

“Мо дар ҷараён ҳастем ва ин мавзӯро таҳқиқ дорем. Мо бовар дорем, ки мақомоти Туркия сари вақт ба мо маълумоти лозимаро равон мекунанд. Намояндагии мо дар Туркия ба ин масъала машғул аст ва ҳар иттилои наве пайдо шуд, шуморо дар ҷараён мегузорем. Масъалаи ба Сурия рафтан дигар танҳо мушкили Тоҷикистон нест. Ин масъала ба саратоне табдил ёфтааст, ки тамоми дунёро печидааст”, - гуфт Абдулфайз Атоӣ.

Мақомот: Мо боздошти панҷ нафарро дархост карда будем

Расонаҳои Туркия хабар доданд, ки хадамоти амнияти ин кишвар дар паи як амалиёт дар автобусҳои шаҳри Ғозиёнтеппа 25 нафареро боздошт кардаанд, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки

Абдулфайз Атоӣ

Абдулфайз Атоӣ

онҳо ҳафтае пеш мақомоти Туркияро аз сафари эҳтимолии панҷ шаҳрванди Тоҷикистион ба Туркия огоҳ карда буданд. Ин шаҳрвандон қасди сафари Сурияро доштанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло маълум нест, ки он панҷ нафар, ки Тоҷикистон боздошти онҳоро дархост кардааст, дар миёни 25 нафар ҳастанд ё не. Ӯ мегӯяд, дар сурати боздошт шудани ин афрод Туркия Тоҷикистонро огоҳ хоҳад кард.

"Ин нафароне, ки дархости боздошташонро дода будем, як зану шавҳар ҳастанд, ки ду фарзанди ноболиғ доранд ва як дӯсти мардашон онҳоро раҳбаладӣ дорад. Аз рӯи маълумоте, ки мо дорем, зан намедонад, ки шавҳараш ӯро ба Сурия мебарад. Шавҳараш ҳам зери таъсири таблиғи дӯсти ифротиаш чунин тасмим гирифтааст", - гуфт ин манбаъ.

Хонаводаҳо аз пайванди муҳоҷират бо Сурия нигаронанд

Хабари боздошти 25 нафар, ки гуфта мешавад, ки аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, бештар онҳоеро хурсанд кард, ки дар давоми як моҳи ахир фарзандонашон дар Русия нопадид шудаанд.

Ҷӯрахон Ғаюров, як сокини вилояти Хатлон, ки 12 рӯзи пеш фарзанди 21-солааш дар Русия нопадид шуд ва ӯ гумон мекунад, ки писараш бо қасди Сурия вориди Туркия шудааст, бо шунидани ин хабар ба дидори фарзандаш умедвор шудааст. Ғаюров мегӯяд, писараш бори охир бо модараш телефонӣ сӯҳбат карда, аз “ҷиҳоду мусалмонӣ” ёдовар шудааст. Бо он ки, ба гуфтаи Ғаюров, дар сӯҳбатҳои фарзандаш ҳеҷ ишорае ба сафари Сурия набуд, аммо хонавода аз қатъ шудани зангҳои телефонии ӯ нигарон шудаанд ва мегӯянд, ки шояд ӯ ҳам Сурия рафтаст.

"Агар дар миёни онҳо фарзанди мо бошад ва Тоҷикистон биёяд, дигар чизе намехоҳем. Худо нишон надиҳад, ки дар Сурия бошад, он ҷо ҷавонон рафта кушта мешаванд ва мурдаашонро касе соҳиб намешавад. Фарзанди маро сиҳату саломат ба ватан биёранд, дигар судаш ҳам кунанд, мо даъво надорем. Фақат дар ватан бошад шуд", -гуфт Ғаюров.

Туркия танҳо нодаркорҳоро боздошт мекунад

Аксари ҷангандаҳои тоҷик, ки дар хоки Сурия ва Ироқ қарор доранд, дар наворҳои видеоиашон иддао мекунанд, ки аз тариқи Туркия ба Сурия ворид шудаанд. Онҳо ҳатто аз ҷавонон даъват мекунанд, ки худро то Туркия бирасонанд, он тарафаш “ҳал аст.”

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ бо ишора ба таҳаввулоти ахир мегӯяд, боздошти чанд нафар аз ҷониби Туркия як амали намоишӣ аст, зеро ин кишвар дар давоми чанд соли ахир баръакс дар афзоиши сафҳои ДИИШ мусоидат кардааст. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, Туркия аз ин гурӯҳи тундрав манфитаи сиёсӣ ва молӣ мебинад.

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода

“ДОИШ ҳаракати озодихоҳии курдҳоро, ки ҳамеша Туркия аз онҳо хавф дошт, ҳоло аз миён бурдааст. Ҳатто маълумотҳое дастрас шудаанд, ки гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” аз қаламрави Туркия ба пешмарагҳо зарба задааст. Аз тарафи дигар, ҳоло Туркия нафти қочоқии ДИИШ-ро бо нархи арзон харидорӣ мекунад. Хабарҳое ҳам буд, ки Туркия ба ин гурӯҳ силоҳ ҳам медиҳад. Аммо ба хотире, ки нишон бидиҳад, ки кор мекунад, бояд аз ҳазор нафар даҳ нафарро аққалан боздошт кунанд. Ба тахминӣ ман, онҳо нафаронеро боздошт мекунанд, ки барои ДОИШ муҳим нестанд. Агар воқеан пеши роҳи пайвастани ҷавононро мегиранд, чаро чеченҳо ба даст намеафтанд ё чаро Гулмурод Ҳалимовро боздошт накарданд?”.

Аз Русия ба Туркия барои пайвастани ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бештар муҳоҷирони меҳнатӣ мераванд. Расман то кунун аз ҳузури 400 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ иттилоъ пахш шудааст. Бар пояи маълумоти расмӣ, то ҳол ҳудуди 130 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои ДИИШ кушта шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG