Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон, ки аз бозигарони синашон то 19-сола иборат аст, дар мусобиқаи Ҷоми Ассотсиатсияҳои футболи Осиёи Марказӣ («CAFA Women’s Cup U-19») дар шаҳри Тошканд аз дастаи Узбакистон бо ҳисоби 1:8 ва аз тими Эрон бо ҳисоби 0:6 шикаст хӯрд.

Бозиҳои мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19», ки 15-уми октябр дар варзишгоҳи «Жар»-и пойтахти Узбакистон шурӯъ шуданд, бегоҳи 17-уми октябр ба охир мерасанд.

Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаб аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон ширкат меварзад. «CAFA Women’s Cup U-19» аз рӯи системи даврӣ сурат гирифтааст ва ҳар як даста се бозӣ анҷом медиҳад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин даври мусобиқа рӯзи 15-уми октябр аз дастаи Узбакистон бо ҳисоби 1:8 мағлуб шуд. Голи ягонаи дастаи Тоҷикистонро Зулайхо Сафарова ба ҳадаф расонд.

ТОҶИКИСТОН (U-19) - УЗБАКИСТОН (U-19) - 1:8 (1:3).

Голҳо: Зулайхо Сафарова (88) - Малика Бурҳонова (21, 81), Мафтуна Шоимова (31), Нозима Камолтоева (36, 62), Мафтуна Панҷиева (56, 77 аз ҷаримаи 11-метрӣ), Розия Аскарова (85).

Футболбоздухтарони тоҷик дар даври дувум рӯзи 16-уми октябр бо тими Эрон бозӣ карда, бо ҳисоби 0:6 шикаст хӯрданд.

ТОҶИКИСТОН (U-19)ЭРОН (U-19) - 0:6 (0:5).

Голҳo: Афсона Чатринур (11 аз ҷаримаи 11-метрӣ, 28), Илҳом Анафҷа (16), Фотима Гаҷемӣ (24 аз ҷаримаи 11-метрӣ, 25), Ғазола Солеҳипур (80).

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ имрӯз, 17-уми октябр, бо дастаи Қирғизистон рақобат мекунад.

Ба иттилои Қаноат Латифов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19), мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» дар Тошканд барои футболбоздухтарони тоҷик як санҷишест пеш аз мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола.

Ёдовар мешавем, мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола, ки аз 27-ум то 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, бо дастаҳои Узбакистон (27 октябр), Тайван (29 октябр) ва Ҳонконг (31 октябр) бозӣ мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешаванд.

CAFA Women’s Cup U-19

Даври 1-ум

15 октябр (шанбе)

Тоҷикистон – Узбакистон – 1:8

Эрон – Қирғизистон – 4:1

Даври 2-юм

16 октябр (якшанбе)

Тоҷикистон – Эрон – 0:6

Узбакистон – Қирғизистон - 5:0

Даври 3-юм

17 октябр (душанбе)

11:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

15:00 – Эрон – Узбакистон

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG